МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ҳамаи падежҳо ва ҳатто именителний аз ҷониби феъл идора карда мешавад. Агар мубтадо дар падежи именителний омада бошад, дар ҷумла пуркунанда мушоҳида намешавад: Вас рокъове вуссана – Писар ба хона баргашт. Дар ҷумла пуркунанда бошад, он дар именителний падеж меояд: Инсуда вас вихъана – Падар писарро дид.
Ҳиссаҳои нутқ гуфта И.И. Мешаннинов гурӯҳи лексикии калимаҳоро меномад, ки пеш аз ҳама аломати синтаксисӣ ва морфологӣ доранд. Маънои калима пеш аз ҳама роли синтаксисии онро дар ҷумла нишон медиҳад. Ҳиссаҳои нутқ чун аъзоҳои ҷумлаи морфологӣ кунонидашуда фаҳмида мешавад.
Академик Лев Владимирович Шерба (1880-1944) яке аз забоншиносони маъруф ва шогирду давомдиҳандаи кори Бодуэн де Куртенэ мебошад. Ӯ аз соли 1909 сар карда, дар Университети Петербург дарс гуфтааст.
Доираи тадқиқоти Шерба хеле васеъ буд. Вай доир ба проблемаҳои умумии забоншиносӣ, фонеткаию орфоэпия, грамматика, лексикография, хатту орфография, транскрипсияву транслитератсия, методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, забони нависанда, забони фаронсавӣ фикру ақидаҳои худро баён карда, дар ҳалли масъалаҳои номбурда ҳиссаи худро гузоштааст.
Л.Шерба тарафдори омӯзиши ҳолати ҳозираи забон ва лаҳҷаҳои он буд. Танҳо дар ҳолати забони зиндаро омӯхтан доир ба грамматика ва луғати он маълумоти аниқ додан мумкин аст. Система бояд аз асоси маводи мушаххаси забон ба амал ояд. Ӯ ба ҷойи грамматикаи муқоисавӣтаърихӣ ба таври муқоиса омӯхтани сохти забонҳои гуногунро таклиф мекунад. Омӯзиши фонема дар забоншиносии шуравӣ ба номи Л.Шерба сахт вобаста мебошад. Фонема воҳиди хурдтарини забон аст, ки шакл ва маънои калимаро тағйир медиҳад, инчунин аз фонемаи дигари ҳамин забон фарқ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё