МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Хусусияти ҷамъиятии забон ва истифодаи индивидуалии он инкишофи забонро нишон медиҳад ва ин далели баҳамзиддии онҳо набуда, балки ягонагии онҳо мебошад. Ба тарзи дигар онҳо куллу ҷузъ мебошанд, ки бе ҳам вуҷуд надоранд.
Хулоса, забону нутқ як себи дутақсим ё ки медали дурӯяро ба хотир меоранд, ки асосашон як буда, ҳар як рӯй хусусияту аломатҳои ба худ хос дорад.
Масъалаҳои хусусияти аломатнокии забон, забон чун система, забону тафаккур, забону ҷамъият ва забону таърих низ ба проблемаи назарияи забон медароянд.
Хусусияти аломатноки забон
Аксари забоншиносон ҷиҳати аломатнокии забонро эътироф мекунанд. Маълум аст, ки истилоҳи аломат маъноҳои гуногунро ифода мекунад. Аломат гуфта пеш аз ҳама воҳиди материалиеро меноманд, ки ифодакунандаи ахбор бошад. Воҳидҳои забон ҳам чун аломат ахбори гуногунро ифода мекунанд. Қисмати забоншиносие, ки ба омӯзиши ҷиҳатҳои аломатнокии забон машғул аст, лингвосемиотика меноманд. Лингвосемиотика дар натиҷаи алоқамандии забоншиносиву семиотика ба амал омадааст.
Забоншиносӣ ва семиотика. Бисёр забоншиносон забон ва ё саҳеҳтараш калимаро аломат, рамз номидаанд.
Аристотел, философҳо Гоббс, Локк, Лейбнитс, Ҳумболдт ва Фортунатов бо тарзҳои гуногун ҳамин ақидаро таъкид кардаанд. Ба гуфтаи Богородитский В.А., калимаҳои нутқи мо рамз ва ё аломат барои ифодаи мафҳум ва ҳам фикр мебошанд. Пештар ин масъала вобаста ба алоқаи забону тафаккур қайд карда мешуд. Ҳоло ҳам философҳо ва ҳам забоншиносон таъкид мекунанд, ки калима мафҳумро, ҷумла муҳокимаро ифода мекунад, калима бошад, рамз ва ё аломати мафҳум мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё