МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Лингвосемиотика ва масъалаҳои асосии он
Лингвосемиотика гуфта, он қисмати забоншиносиро меноманд, ки хусусиятҳои аломатнокии забонро меомӯзад ва ҳамин чиз забоншиносиро бо семиотика алоқаманд мекунад. Азбаски тарафдорони назарияи аломат онро гуногун мефаҳманд, бинобар он предмет ва вазифаҳои лингвосемиотика низ як хел фаҳмида намешавад.
Як гурӯҳ олимон аломат гуфта ҳама гуна предметро меноманд, ки онҳо бо органҳои ҳис дарк карда мешаванд ва онҳо ҳамчун сигнали ягон воқеаву ҳодисаи дигар хизмат мекунанд. Масалан, Бопп ва Блумфилд аломати забон гуфта овозу ҳарфро мефаҳманд. Чунин фаҳмиши аломати забон аз тарафи мактаби феноменологӣ яктарафа буда, моҳияти аломати забонро пурра ифода намекунад. Ин гурӯҳ танҳо ба ҷиҳати материалии аломат диққат медиҳанду бас.
Забон воҳидҳои гуногун дорад, аз ин рӯ, вай аз аломатҳои оддии дигар фарқ мекунад. Он аломатҳо содда бошанд, аломатҳои забон мураккабанд.
Фонемаро аломати сигналӣ ва ё ба гуфти Потебня, аломати аломат меноманд, ки ба аломати забон ишора мекунад.
Морфемаро низ аломати асосии забон гуфтан мумкин нест, онро ҳам аломати аломат номидаанд.
Аломати асосии забон к а л и м а мебошад. Калима ифодакунандаи маъно, мафҳум ва аломати он аст. Калима ба қатори системаи дуюми сигналӣ медарояд. Фарқи калима аз аломатҳои дигар он аст, ки вай а) чун аломати забон маънои хос дорад б) калима чун аломат ҳам аз ҷиҳати сохт ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ асоснок (мотивировано) аст.
Калима функсияи номинативӣ ва коммуникативиро адо мекунад, албатта, вазифаи коммуникативиро дар таркиби ҷумла. Аз ин рӯ, аломати коммуникативии пурра ҷ у м л а мебошад. Дар ҷумда ҳамчун воҳиди олии аломат тамоми аломату сигналҳои забон ифода ва зоҳир мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё