Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ калимаҳои ҳиндӣ, чинӣ, юнонӣ, арабӣ, туркӣӯзбекӣ, русӣ ва забонҳои дигарро дучор кардан мумкин аст. Як қабати калони таркиби луғавиро истилоҳҳо ташкил медиҳанд. Онҳо аломати инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва пеш аз ҳама илму саноат ва санъату маданият мебошанд. Истилоҳҳо ҳам системаи ҷудогонаи худро доранд. Калимаҳо худӣ ва иқтибосӣ мешаванд. Калимаҳо аз рӯйи вазифаю пайдоиш ҳам гуногун мешаванд. Ҷиҳати дуюми ин қабати забонӣ он аст, ки вай ба структураи берунии забон – услубҳо ва жанрҳои гуногуни фаъолияти нутқ алоқаманд аст.
Дар маркази ҳамаи ин қабатҳои забон калима меистад, вай ҳамаи ин қабатҳоро бо ҳам алоқаманд мекунад. Калима, аз як тараф, ба фонемаю морфема алоқаманд бошад, аз тарафи дигар бо морфологияву синтаксис ва ҳатто услуб ҳам алоқаи зич дорад.
Дар маркази ҳамаи ин қабатҳои забон калима меистад, вай ҳамаи ин қабатҳоро бо ҳам алоқаманд мекунад. Калима, аз як тараф, ба фонемаю морфема алоқаманд бошад, аз тарафи дигар бо морфологияву синтаксис ва ҳатто услуб ҳам алоқаи зич дорад.
Сатҳҳои забон ва воҳидҳои он аз ҳамдигар тамоман ҷудо намебошанд, онҳо бо ҳам алоқаи зич дошта, дар алоқамандии якдигар вуҷуд доранд. Системаи забон танҳо қабатҳои структурии забонро не, балки услубҳои забонро низ дар бар мегирад. Ғайр аз ин фарқи системаи забон аз системаҳои аломатҳои сунъии дигар он аст, ки структураи сатҳи забонӣ бо меъёри (нормаи) забон ва худи забон бо тафаккур муносибат дорад. Бояд қайд кард, ки структураи забон бо ахбори ифода мекардагиаш бетараф нест.

пешина
аз 210
навбатӣ