МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Пас, калима дар маркази системаи забон ҷой мегирад. Маъноҳои лексикӣ, морфологӣ, калимасозӣ ва синтаксисӣ ба калима хос аст.
Калима ҳамаи ин маъноҳоро бо ҳам алоқаманд карда, сатҳҳои морфологӣ, синтаксисӣ ва лексикиро бо ҳам муттаҳид мекунад.
Муносибатҳои синтагматикӣ ва парадигматикӣ.
Синтагматика ва парадигматика пеш аз ҳама ба номи Фердинанд де Соссюр зич алоқаманд аст, зеро ӯ дар байни унсурҳои забон ду муносибатро нишон дода буд.
Муносибати пайдарҳамии унсурҳои забонро Соссюр синтагматика ва муносибати байни унсурҳоро ҳамчун ҷузъи гурӯҳҳои гуногун ассотсиативӣ номида буд, ки баъдтар бо истилоҳи парадигматика иваз карда мешавад.
Одатан мафҳуми муносибати парадигматикиро ба забон ва синтагматикиро ба нутқ нисбат медиҳанд. Ҳар ду муносибат ҳам ба унсурҳои забон тааллуқ дорад.
Муносибати парадигматикӣ асосан дар байни унсурҳои ин ё он воҳиди забон мушоҳида мешавад, бинобар он бештар дар байни онҳо алоқаи пайваст мушоҳида мешавад, муносибати синтагматикӣ ҳам дар байни унсурҳои як воҳиди забон ва ё байни худи воҳидҳои ҷудогона ба назар мерасад, аз ин рӯ, дар ин ҷо алоқаи тобеият асосӣ мебошад.
Мафҳуми этимологии синтагматика ба худи калимаи синтагма – пасиҳам омадани ду унсури забон, алоқаманд мебошад. Муносибати синтагматикӣ гуфта ҳама гуна муносибатеро меноманд, ки дар байни унсурҳои забонии қатор ҷой гирифта мушоҳида мешавад, ба таври дигар гӯем, муносибати байни унсурҳои забон дар нутқ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё