Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масъалаи муносибати таърихи забону таърихи халқ, таърихи забону фаъолияти одамон на танҳо масъалаи лингвистӣ, балки фалсафӣ ҳам мебошад. Файласуфи немис Гегел таъриху инсонро ба ҳам муқобил гузошта таъкид карда буд, ки қувваи пешбарандаи раванди таърихӣ ҳамчун таҷассумкунанда ва инкишофёбандаи Идея худи Таърих мебошад, на инсон. Инсон гӯё олоти ё ки яроқи таърих бошад, на созандаи он. Ба фикри ӯ, ақл (хирад) ҳукмрони ҳастӣ мебошад.
Дар забоншиносӣ ин проблема вобаста ба мавзуи шаклҳои мавҷудияти забонҳо ва сабабҳои инкишофи таърихии онҳо тадқиқ карда мешавад. Доир ба ин масъала фикри ягона нест. Баъзеҳо алоқаи байни таърихи забон ва таърихи соҳибони онро яктарафа мефаҳманд. Ба ақидаи як гурӯҳ, аз ҷумла академик Марр Н.Я., таърихи ҷамъият ва инкишофи иҷтимоии он (яъне тараққиёти иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ) сабаби асосии инкишофи забон мебошад.
Баъзеҳо забонро «ҷаҳони сеюм», ҷаҳоне, ки забон идора мекунад, мефаҳманд.
Алоқамандии забонҳо. Нишон додан ва муайян кардани муносибати забонҳо ба якдигар ва намудҳои ин гуна муносибат ниҳоят муҳим мебошад. Маълум аст, ки халқҳо аз аввали пайдоиши худ сар карда ба ҳамдигар муносибат доранд. Чунин алоқаро дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷамъияти инсон мушоҳида кардан мумкин аст. Алоқаи байни халқҳо ба забонашон низ таъсир мерасонад. Албатта, ин таъсир як хел намешавад. Масалан, таъсире, ки ду халқ дар давоми ҳазорсолаҳо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад, аз таъсири ба халқи мағлуб мерасонидагии халқи ғолиб фарқ мекунад. Ё ки ягон халқ дар ин ё он давраи тараққиёти худ хеле пеш меравад. Ин пешравиро дар адабиёт, санъат, маданият ва илму дониш мушоҳида намудан мумкин аст.

пешина
аз 210
навбатӣ