МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ин гуна калимаҳо пурра ба қонуну қоидаҳои забони халқи мағлуб итоат мекунанд. Калимаҳои иқтибосӣ зарурати ҳаётӣ дошта бошанд, ба фонди луғавии забони халқи мағлуб медароянд, аз они худӣ мешаванд, дар акси ҳол баробари барҳам хӯрдани ҳукмронии халқи ғолиб калимаҳои иқтибосӣ ҳам аз истеъмол мебароянд.
Ба забони тоҷикӣ аз арабӣ калимаҳои зиёде иқтибос шуда буд, ҳоло миқдори он калимаҳо кам шудааст. Калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои динӣ, тарзу усули ҳукмронӣ ва ё инъикоскунандаи ҳаёти халқи зӯровар аз истеъмол баромадаанд.
Омезиш. Омезиш як навъи таъсири забонҳо ба якдигар мебошад. Ин ҳодиса аз қадим вуҷуд дорад. Омезиш ҳам дар давраи ташаккули забонҳои қабила, ҳам халқият ва ҳам миллат дучор мешавад. Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки ҳам забонҳои хеш ва ҳам бегона ба якдигар омезиш ёфта метавонанд. Доир ба ин намуди таъсири забонҳо ба якдигар фикрҳои гуногун мавҷуд аст. Ба ақидаи Марр, ҳангоми омезиши ду забон як забони наве ба амал меояд, ки аз он ду забон ба куллӣ фарқ мекунад. Ғайр аз ин гӯё ин ҳодиса яку якбора, ба таври таркиш рӯй медода бошад. Ин фикр то Марр ҳам буд. Онро дар консепсияи лингвистии Август Шлейхер ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Ин фикр дар Шлейхер вобаста ба ақидаи натурбиологии ӯ ба амал омадааст. Вай ба қонунҳои табиат такя намуда, ба ин хулоса омадааст, чунки дар табиат ду намуд растанӣ ва ё ҳайвон бо ҳам омезиш ёбад, навъи тамоман нав ба амал меояд. Ба фикри Ҳумболдт, ҳангоми омезиши ду забон яке аз забонҳо, ки нисбатан фаъол аст, ғалаба мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё