Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ ба фаҳмиши фонема низ наздик мешавад.
Дар масъалаи ҳиссаҳои нутқ Абуалӣ ибни Сино, ки яке аз асосгузорони забоншиносии араб буд, ба забоншиносии Арабистон такя карда, дар қисмати «Мантиқ»-и «Донишнома» ба се гурӯҳ: исм, куниш ва ҳарф ҷудо мекунад. Тақсимот мисли арабҳо, вале номҳо тоҷикӣ. Исму кунишро асоси забон мешуморад. Сино лафзи муфрад гуфта калимаро мефаҳмад, ки барои ифодаи мафҳумҳо, аломату амалҳо хизмат мекунад. Масалан, мардум ва ё доно. Онҳо содда (мардум), сохта (ноинсон), мураккаб (Абдуллоҳ), таркибӣ (дар хона), ибора (мардуми доно) ва ҷумла (Мардум доност) мешаванд. Ҷумларо бо истилоҳи қавл, калимаҳои ёридиҳандаро бо истилоҳи адот ифода кардааст. Ӯ ҷумлаҳои мураккаби тобеъву (муттасил) пайвастро (мунфасил) фарқ мекард. Сино исмҳои хосу ҷинсро низ фарқ мекард. Доир ба илми луғат бо номи «Лисон-ул-араб» асаре низ навиштааст.
Носири Хусрав (1004-1088), ки яке аз адибони маъруфи адабиёти классикист, доир ба масъалаҳои забоншиносӣ ҳам фикру ақида баён намудааст. Ин дар асарҳояш – «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ва «Зод-улмусофирин»
баён гардидааст. Ӯ нутқ, калом ва қавлро фарқ мекард.
«Нутқ хосияти нафси инсонӣ аст, новобаста ба мансубияти ирқу нажод, аммо қавлу калом дар ҳар халқу миллат хусусиятҳои фарқкунандаи сохторӣ дорад», - мегӯяд Носири Хусрав. Ӯ мавҷудияти ҷумла (қавл) ва матни яклухтро (калом) дар робита ба нутқ тавзеҳ додааст.
Мубтадо (фоил) ва пуркунанда (мафъул) ва се замони феълро медонист ва онҳоро бо вожаҳои тоҷикӣ – ҳозира, гузашта ва оянда ифода намудааст. Ӯ чор навъи ҷумлаи содда – содда, амрӣ, саволӣ ва хитобиро низ медонист.
Носири хусрав ҳарфу овоз ва калимаро хеле хуб фарқ мекард. Ба фикри ӯ, ном, яъне калима маҷмуи овозҳо буда, ҳарфҳо шакли графикии овозҳо мебошанд.

пешина
аз 210
навбатӣ