МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Яке аз илмҳо адабиёт буда, масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ ҳам дар он ҷой дода шудааст. Бояд гуфт, ки қисми асосии илми адабиётро бахшҳои мухталифи масъалаҳои забон, аз қабили илми хат, илми луғат, илми иштиқоқ (калимасозӣ), илми тасриф (морфология), илми наҳв, илми маонӣ, илми баён (услубшиносӣ дар бар мегирад. Маҳмуди Омулӣ панҷ ҷиҳати калимаҳоро қайд мекунад: 1) пайдоиши калима ва офарандагони он; 2) калима ифодакунандаи мафҳум, яъне ҷиҳати номгузорӣ ба ҳозиру ғойиб, ашёву ҳодисаҳои маълуму номаълум, хосу ҷинс, моддиву маънӣ; 3) ифодакунандаи маънӣ, бештар сермаъноӣ; 4) мансубият ба ягон ҳиссаи нутқ: исм, сифот, феъл... ва 5) калимаҳои иқтибосӣ: румӣ, ҳабашӣ, ҳиндӣ, форсӣ. Бояд қайд кард, ки ин асар ба забони арабӣ навишта шуда, ба грамматикаи забони арабӣ бахшида шудааст. Ӯ муродифотро хуб медонист, вале калимаҳои забонҳои гуногунро дар ифодаи як маъно муродиф мешуморид, ки ба фаҳмиши забоншиносии имрӯза мувофиқат намекунад. Масалан, мафҳуми об дар арабӣ моъ, ҳиндӣ понӣ ва туркӣ су. Ба калимасозӣ – иштитоқ низ таваҷҷӯҳи зиёд додааст. Ба масъалаҳои наҳв низ диққати махсус додааст. Тартиби калима дар ҷумла ҳам таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб намудааст.
Тағйири ҷойи калимаҳо сабаби дигар шудани маъно мегардад ва ба он мисолҳо овардааст. Ҷумларо бо вожаи калом ифода намуда, бо тавассути эъроб (пешоянд, пасоянд ва бандакҳо) ба амал омадани онро нишон додааст. Хабару мубтадоро медонсит ва бо мисолҳо онҳоро нишон додааст.
Хоҷа Ҳасани Нисорӣ (1516-1627) яке аз шахсиятҳои бузурги илму фарҳанги асри ХVI мебошад. Ӯ баробари шоиру нависандаи тавоно, тазкиранигори беҳамто буданаш дар илмҳои ҳадис, қироати «Қуръон», нуҷум ва ҳайъатро низ хеле хуб аз бар карда будааст. Дар бахши забоншиносӣ саҳми Хоҷа Ҳасани Нисорӣ беҳад бузург аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё