МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
забони чехӣ» (1809-1819) ва «Луғати немисӣ-чехӣ»
аҳамяити калон доранд. Добровский аввалин шуда забони қадимаи славянӣ ва грамматикаи онро аз ҷиҳати илмӣ омӯхт. Ғайр аз ин ӯ забонҳои славяниро тасниф намудааст.
Ин забоншиноси чех ба омӯзиши забони русӣ аҳаммияти калон дода, бо мақсади бо ин мамлакат аз наздик шинос шудан ва бо олимони он робита пайдо кардан ба Русия чанд бор омадааст.
Шахси дигаре, ки ба пайдоиши забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ёрӣ расонидааст, забоншиноси немис Фридрих Шлегел (1772-1829) мебошад. Соли 1808 Фридрих Шлегел дар асари худ «Доир ба забон ва ҳикмати ҳиндуҳо» хешигарии санскритро бо забонҳои лотинӣ, юнонӣ, германӣ ва форсӣ натанҳо аз рӯйи таркиби калимаҳо, балки ҷиҳатҳои грамматикӣ нишон медиҳад.
Камбудии ин олим асоси забонҳои Европа шуморидани санскрит буд. Истилоҳи «грамматикаи муқоисавӣ»
аввалин бор дар асари Ф.Шлегел дучор мешавад.
Ҳамин тариқ, санскрит аз ду ҷиҳат ба пайдоиши грамматикаи муқоисавӣ асос гузошт: 1. Санскрит ҳам аз ҷиҳати системаи ҳамсадоҳо ва ҳам морфология хусусияти архаистии худро бештар нигоҳ доштааст ва аз рӯйи он дар бораи нахустзабони ҳиндуаврупоӣ тасаввурот пайдо кардан мумкин аст. 2. Грамматистҳои ҳинд фонетикаю морфологияи забони қадимаи худро ниҳоят мукаммал тадқиқ намудаанд. Хулоса, ҳамаи ин корҳо ба пайдоиши забоншиносии муқоисавӣ таҳкурсӣ гузоштанд.
Супоришот:
1.Мутолиа ва ёддошт доир ба забоншиносии давраи Эҳё, забонҳои байналмилалӣ ва забонҳои сунъӣ; 2. Барои такмили дониши худ аз сомонаҳои иҷтимоии илмӣ мутолиа намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё