Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Нутқ аз калимаҳои аз он пешбуда сохта намешавад, баракс калимаҳо аз нутқ ба амал меоянд. ...барои ҷумла ва нутқ забон танҳо тарҳи ба тартиб дароранда муқаррар мекунад, ба шакл даровардани онҳо ба ихтиёри нотиқ аст». Ин гуна тезису фикрҳои тоза дар кори ин олими номӣ хеле зиёданд.
Баробари чунин фикрҳои тоза дар корҳои Ҳумболдт фикрҳои ғалат ҳам дучор мешаванд. Забонро Ҳумболдт натиҷаи фаъолияти руҳи шахсони ҷудогона мешуморад, бо вуҷуди он ки моҳияти ҷамъиятии забонро рад намекунад.
Инкишофи забон ба «ҷаҳонбинии миллӣ» ва «руҳи халқ»
вобаста бошад, гуногунии забонҳо гӯё ба гуногунии руҳ вобаста аст. Ба фикри Ҳумболдт, забон гӯё байни одаму ҳаёти берунаи ба он таъсиррасонанда ҷой гирифтааст. Гӯё инъикоси ҳақиқати объективӣ дар майнаи мо ба забон вобаста бошад, чунки дар забон ҷаҳонбинии одамон акс ёфтааст. Ҳамин тариқ, Ҳумболдт ба забон аз ҳад зиёд баҳо медиҳад. Револютсионер ва материалисти рус Чернишевский ба муқобили ин ақидаи Ҳумболдт баромада таъкид карда буд, ки фаъолияти фикрии одамон ба сохти забони онҳо вобаста нест.
Ба фикри Ҳумболдт, фаҳмиши одамон пурра ба забони онҳо вобаста буда, гӯё забон то андозае офарандаи ҳаёти ҳозира аст. Дарки ҳастӣ, ба фикри Ҳумболдт, пурра ба забони худи одамон вобаста мебошад. Фаъолияти амалии худи одамон ба инобат гирифта намешавад, забон чун воситаи бавуҷудорандаи ҳаёти мавҷуда дониста мешавад.
Аз ин маълум мешавад, ки Ҳумболдт баробари фикрҳои дурусти пешқадам, фикрҳои ғалат ҳам доштааст. Масалан, аз як тараф, забонро маҳсули шахси ҷудогона шуморад, аз тарафи дигар, инъикоскунандаи фактори ҷамъиятию миллӣ мешуморад. Ё ки дар як ҷо забонро аз ҷиҳати тараққиёт ба охиррасида, вале баробари ин тараққиёти мунтазами онро таъкид мекунад.

пешина
аз 210
навбатӣ