МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
3.Ба ақидаи А.А. Потебня ва Бодуэн дар системаи забон қабатҳои чандин давраи инкишофи забон ҳамшафат вуҷуд дошта метавонанд, Ф. Фортунатов ба ин ақидаи дуруст шарик намешавад.
Алексей Александрович Шахматов (1864-1920) яке аз шогирдони бевоситаи Фортунатов Ф.Ф. буд. Ӯ муҳаққиқи таърихи халқи рус ва забони он мебошад. Мақсади асосии Шахматов омӯзиши таърихи забон, шакли адабӣ ва инчунин гуфтугӯи мардум дар алоқамандӣ бо таърихи соҳибонаш буд. Ғайр аз ин Шахматов ба омӯзиши сохти грамматикии забони ҳозира низ диққати махсус медод. Ӯ аввалин шуда дар Университет ба таълими забони ҳозираи русӣ сар кардааст. Ӯ забонро бо шеваҳояш дар инкишофи таърихӣ ва дар алоқамандӣ бо таърихи соҳибонаш омӯхтааст.
Асарҳои асосии ӯ инҳоанд: «Тадқиқот доир ба забони навиштаҷоти асрҳои ХІІІ-ХIV Новгород» (1886), «Очерк доир ба забони адабии ҳозираи рус» (1913), «Очерк доир ба давраи қадимтарини таърихи забони русӣ» (1915), «Муқаддима ба курси таърихи забони русӣ» (1916) ва ниҳоят асари машҳураш «Синтаксиси забони русӣ» соли 1925-1927, баъди вафоташ чоп мешавад.
А.А. Шахматов шахси зиндадил, бағайрат ва одамдӯст ва инчунин ташкилотчии машҳури чорабиниҳои илмӣ, устоди моҳир дар интихоби шогирдон ва ба илм ҷалбкунандаи қувваҳои наву қобилиятнок буд.
Пешковский Александр Матвеевич (1878-1933) дар тадқиқотҳои худ ақидаву фикрҳои забоншиносон Потебня, Шахматов ва устодаш Фортунатовро давом ва инкишоф додааст. Вай таъкид мекард, ки грамматикаи тасвирӣ ва услубшиносӣ низ мисли сохти грамматикии забони пешина ҷиҳати илмӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё