Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мутаассифона, ин масъала то ҳол асоси таърихӣ-материалистии худро наёфтааст.
8. Ф. де Соссюр ду аспекти забон – синхрония ва диахронияро фарқ мекард. Барои Паул, Фортунатов ва Чикобава омӯзиши таърихи забон (диахрония) муҳим бошад, Соссюр ҳолати ҳозираи забонро (синхрония) аҳаммиятнок мешуморад.
Ӯ ин ду чизро ба ҳам муқобил гузошта таъкид мекунад, ки байни онҳо ҳеҷ гуна созиш, компромис шуданаш мумкин нест. Пас, мувофиқи ақидаи Соссюр, ду предмети тамоман мустақил – лингвистикаи синхронӣ ва лингвистикаи диахронӣ вуҷуд дорад. Тадқиқи ҳолати ҳозираи забон барои омӯзиши далелҳои мавҷуда, фаҳмидани системаи забон, яъне омӯзиши забон «дар худ ва барои худ» имконият дорад. Ҳолати диахронии забон системаро вайрон мекунад ва онро ба ҷамъ намудани далелҳои пароканда мубаддал мегардонад.
Чунин гузориши масъала ғалат буда, вайрон намудани қонунҳои диалектика мебошад, зеро ҳолати ҳозираи забонро дар алоқамандӣ бо ҳолати пешина, қадимиаш муайян мекунанд.
Гуфтаи Соссюр дуруст аст, ки барои гӯяндагон ҳолати ҳозираи забон бо системааш муҳим аст, зеро вай реалӣ мебошад. Вале ин ба он асос шуда наметавонад, ки забон дар ҳолати инкишофу тараққиёт (диахронӣ) система надошта бошад ва аз ин рӯ, синхронию диахронияро бо ҳам муқобил гузорем.
9. Ф. де Соссюр забон, нутқ ва фаъолияти нутқкуниро фарқ мекунад. Фаъолияти нутқкунӣ ин системаи имкониятҳои таъсирбахши ин ё он халқ буда, хеле гуногуншакл мебошад ва бо бисёр соҳаҳо – физика, физиалогия ва психология алоқаманд аст. Соссюр дар ҷараёни нутқкунӣ ду қутб – забон ва нутқро ҷудо мекунад.
Забон ин системаи грамматикӣ ва луғат аст, яъне тамоми воситаҳои забонист, ки бе донистани онҳо муносибати овозӣ имконнопазир аст.

пешина
аз 210
навбатӣ