ЗАН ВА ДЕВ

– Дар охири ин кӯча Манзил дорад як бача, Як бачаи беқарор, Беқарор асту шумкор.
Аз дастаки вай зоғон Гаштаанд хонавайрон Ин бачаи дилозор Тухми мо дуздад ҳар бор.
– Эй зоғ, ба ман бовар кун, Аз дил ғамро бадар кун.
Ҳар ҷо харгӯшҷон бошад, Олам гулистон бошад.
Тез-тез бипар, накун дер, Шикамчаат бикун сер.
Ҳамин, ки зоғча парид, Харгӯшак бо завқ хандид, Ҷаҳид ҷаҳиду омад, Ба як кӯча даромад.
Пеши як дари калон, Занҷиракаш овезон, Бе тақ-тақе даромад, Пеши бача фаромад:
– Муждагонӣ, бародар, Овардаам хушхабар.
Зоғ рафт сӯи чарогоҳ, Тухмҳои зоғ бепаноҳ.
Ба лонаи зоғ бирав, Бирав, хавотир нашав.
Ҳар ҷо харгӯшҷон бошад, Олам гулистон бошад.
Писар давид сӯи боғ,
То бигирад тухми зоғ.
Ин дам баргашта чӯпон
Дидаст, ки пушти говон
Мезанад зоғ нӯлу нӯл,
Нӯл заданаш ҷудо мӯл,
Пӯсти аспа чӯпон монд,
Санге ба зоғак паронд.
Зоғ парида то лона,
Наёфт аз тухм нишона.
Қар-қаркунон нолиш кард,
Харгӯшакро хоҳиш кард.
Хона давида бача
Дида дари боғча
Харгӯша он ҷо надид,
Аз ғазаб дандон хоид.
Харгӯш аз ин кори худ,
Найрангу озори худ
Чарх мезаду мерақсид,
Баланд-баланд механдид.
Сонӣ гурехт ба кӯҳсор
Каҷчашми шӯхи маккор,
Аз тохту този бисёр
Нишаст лабаки ҷӯбор,
Ёд оварда найрангаш,
Ҳилаи рангорангаш,
Ӯ чунон ҳам сахт хандид,
Ки ду лабаш торс кафид,
Баднамо харгӯшак шуд,
Ду лабаш чор бӯлак шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё