ЗАН ВА ДЕВ

Гуфтаст, ки Сабзакаш кист,
Арӯси Нағзакаш кист?
Ҳамон ҳофизи пойлуч?
Хӯрҷинаш доимо пуч?
Тӯи арӯсӣ дорад?
Офтобу моҳу баҳор
Ба вай дилсӯзӣ дорад?
Дар тӯи арӯсиаш
Охир чиро мехӯрем?
Тӯй гуфта рафта яке
Аз гушнагӣ намурем?
Бирав, аз роҳат намон.
Маро аз ҷо наҷунбон!
Сабзак аз ин шумхабар
Ғамгин шуду гиря кард.
Нағзак бо меҳрубонӣ
Сари ӯро сила кард.
Чил кафлесаки ҳавзак,
Ҷунбон-ҷунбон омаданд,
Назди Сабзаку Нағзак
Рақскунон омаданд.
Гуфтанд ки, ако Сабзак,
Ғам аз дилат бадар кун,
Сурудҳоятро хонда,
Бо мо тӯятро сар кун.
Дар тӯи ту, акаҷон,
Чунон раққосӣ кунем,
Ҳамчунон бозӣ кунем,
Ки қурбоққаи маланг,
Он қурбоққаи дабанг,
Худписанду балвогар,
Ҳам бои бо кару фар,
Аз гуфтааш пушаймон
Аҷаб шарманда шавад,
Дар назди қурбоққаҳо
Бадному ганда шавад.
Сабзак сурудро сар кард,
Нағзак аз чил рангу гул
Қоши тило бар сар кард.
Кафлесакон рақсиданд
Бо сад нағмаю ҳунар,
Пироҳани кафлесӣ
Аз вуҷудашон парид
Қурбоққаҳои зебо
Дӯстони Сабзак шуданд,
Хоҳари меҳрубони
Арӯси Нағзак шуданд.
Маҳтоб аз қалби некон
Шуда пурраву пурнур,
Шӯълаи бахтофарин
Пош дод офтоби масрур.
Қиссаи мо тамом шуд,
Ба қиссахон ташаккур!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё