Зеҳн
ЗАН ВА ДЕВ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 16 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

То шод шаванд меҳмонон,
Панҷ додарони чаққон
Дар деги хурду калон
Андохтанд арзану дон.
Барои хурдтаракон
Пухтанд гандумбирён.
Меҳмонакон омаданд,
Шоду хандон омаданд,
Омаданд аз ҳар куҷо,
Сар шуд тӯю тамошо,
Хуб рақсу бозӣ карданд,
Хуб тоз-тозӣ карданд.
Пас аз сози диловез,
Пас аз рақси шавқангез,
Пас аз тӯю тамошо,
Ҳамаи парандаҳо
Ба ҳам хайрухуш карданд,
Бӯсаю оғӯш карданд.
Баски шаб наздик мешуд,
Атроф ҳам торик мешуд,
Рафтанд хона ба хона,
Тамом бишуд афсона.

пешина
аз 16