МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Сорбон
МАҒЗРЕЗА
ДИДА ВА ШУНИДА
«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта:
мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил. Азбаски навиштанӣ зиёду умр кӯтоҳ, ба қароре омадам, ки ҳар мағзрезаро нон пиндошта кӯтоҳ нависам, ки ба нигоштани достонҳойи баланду дароз рӯз намерасад. Ин пораҳо – андеша, дидаву шунида ва мушоҳидаҳоянд, ки нависандаи ҳунарманд тавонад, қиссаву роман нигорад ва ё достонҳойи кӯтоҳ гӯяд, намойишнома созад ё филмнома. Мағз гирад, пӯстлоху пӯчоқ ё карка андозад. Хонанда низ бояд чунин бомулоҳиза ва бодиққат бошад, то дарёбад, ки қаламкаш чӣ мегӯяд. Кӯтоҳ гуфтанӣ будаму кам, вале гоҳи таҳриру такмил пораҳо пайиҳам меомаданд ба сар андаку беш; менигоштам яксара ва наметавонистам ба гунаҳо ҷудо бикунам чунонки Саъдии бузург карда; зеро поёни навиштаҳо рӯз ниҳодааму сол, хостам чунон бошад, ки омада. Андаку хурдакҳо ба дафтари дигар гузаштанд бо номи «Реға». Гар омадаҳоро сари вақт ба риштаву реҷа намекашидам ва ба умеди «фардо» мегузоштам, мепариданд чун ғози мизони мавсимӣ, дубора намеомаданд ба сар; чунонки фармуда: «Оҳанро дар гармиаш бояд кӯфт!» Барои навиштани «Мағзреза» фаслу сол ҷудо накардаам. Онҳо миёни навиштаҳои дигар омадаанд ё гоҳи ба нигоштани повесту романҳо омода гаштан ва ҳангоми гирифт кардани бобе аз асар ё худ миёни андешаҳои дигар, пешдастӣ кардаанд. Ба қавли деҳқон: «вақти нонхурак» ангушт задаам ба тугмаҳои компутер, то оҳанги хуш бароранд бароям. Дар эҷодам гунаи «шунида» корбаст шуда, ки ҳикоя ё қиссаи бофтаву сохтаам нест, балки аз касе шунидаам. Аз ин рӯ «шунида» номидам, ки касе пеш аз ман низ шунида кор фармуда бошад, хуб нашавад; дуздӣ бошад, ки дар адабиёти имрӯзаи мо кам нест, ки аз гузашта беш гиранд, аз имрӯза дузданд. Ин муаммо рӯзе ошкор гардад. Эҷодкорро хуб набошад.
Муаллиф

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё