МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Ту гирифтӣ ҳамён?
– Ҳа!
– Ту шикастӣ шишайи чароғро?
– Ҳа!
– Ва ҳамаро?
– Ҳа!
Соҳиб баст ӯро бар посутун ва чӯб зад:
– Ин ҳаққи рӯған...
– Исмат гуфт!
– Ин ҳаққи ҳамён!
– Исмат гуфт!
– Ин ҳаққи шиша!
– Исмат гуфт!
– Ин...
– Ис...
– Қасам хур!
– Исмати пашмин!
Омаданд хонайи Исмати Пашмин. Баъзе чизҳоро пайдо
карданд.
Исмат пурсид Неъматро:
– Ту гуфтӣ?
– Ҳа!
8.06.07. Амондара.
АЙЁМИ ШУМ
Замонро чунин ном ниҳода буданд: «Айёми шум». Балки
айём неву одамон шум шуда буданд. Аз бинӣ боло гап зада
намешуд ва аз нӯки пой боло нигоҳ карда. Касон чу сангпушти рамида ё ранҷида гардан даруни гиребон мекашиданд. Кӯдакон чу чӯҷаҳойи қафас дилгир гашта буданд. Чун
нафаси тозайи баҳор дамид, падар аз дасти писар гирифта
«Боғи ҳайвон» бурд, то маймун тамошо кунанд ва ҳар чӣ
гуфта дил хуш гардонанд. Ногаҳ гаронвазне пошнайи кавш
бар пушти пойи писар ниҳод. Дили писар гум зада, дар ҷояш
нишаст ва сар бардошта ба пушту паноҳаш – падар нигарист. Фарёд зада натавониста пойи падарро оринҷ зад. Дили
падар ба як нигоҳ гум зада пеши пойи писар рехт. Ба пову пошнайи чарминапӯши даҳманӣ нигарист ва ба гӯши писар фиччонд: «Тоқат бикун...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё