МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
10.06.07. Амондара.
ЗАМОНЕ
«Бачам, замоне дар ҷойи ғилофакҳойи телефонҳойи дастӣ «зӯрҳо» таппонча дар миён зада намойишкорона мегаштанд.
Расм шуда буд ғилофак дар тасмайи эзор гузаронидан; ҳоло ҳам расм шудааст. Тарси ғилофаки пешин ҷонситон буд.
Ғилофаки имрӯза аз рӯйи ҳавас, ки як гӯшааш дар гӯши духтарон. Ҳамин хел ғилофдармиён ба мағозайи марказӣ даромад. Аз фурӯшгори зебову дилкаш чармина талабид ва ҳарфе нагуфта, пулашро надода сӯйи кӯча рафт. Зебосанам гирёну фарёдзанон аз дунболи ӯ шуд: «Касона! Ман пуле надорам, ки ба соҳибаш диҳам!»
«Биё, пул дар мошин, медиҳам».
Одамон зиёд буданд. Дар як лаҳза гирд омаданд. Бо як таппончадармиён коре карда наметавонистанд. Муҳокимаш карданд:
«Кай худогир мешуда бошанд инҳо?»
«Аз дасти ин бедодгарҳо рӯз нест».
«Ман ӯро медонам: ҷанг-панг накардааст. Касбаш ғоратгарӣ буд. Мағозаҳоро оташ задагӣ ҳам ҳаминҳо».
«Идигул нарав аз паси ӯ. Пулаш сараша хӯрад! Дар мошинаш шинӣ, ҳай карда, бурда дар ягон ҷарӣ кушта мепартояд.
Нарав Идигул!»
«Рав-рав! Пулата гир!»
Чунон мағал шуд, ки чарминаву авбош аз ёд рафта маслиҳатчиён аз даҳонҷанг ба гиребонгирӣ гузаштанд. Аз куҷое касе либоси милиса дар тан пайдо шуд:
«Хуб кардӣ, ки аз паси ӯ нарафтӣ...»
10.06.07.
САГҶАНГ
Челсӣ аз гулӯйи Тарғил гирифт. Сахт дошту раҳо накард.
Соҳиби ба тангомадайи Тарғил чун дид, ки аз даҳони аждарийи саги навбаромад ва чунин ҳунарманд раҳо шудани сагаш амри муҳол, ҳама шарту шаройити гаравро фаромӯш карда оҳан ба сари Челсӣ зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё