Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Ман гуфтам... Гумон кардам, ки Кӯксултон райис мешавад. Лекин намоянда маҷлисро пароканда карду Муши мурдаро райис монд: «Хоҳед ҳам ҳамин; нахоҳед ҳам ҳамин!»
гуфта баромада рафт».
«Лекин ба ту панд нашуд... манша бо ман дорӣ».
«Манша накардаам... ба гапатон ҷавоб додам...»
«Пеш аз райис шуданаш телефони дастӣ дошт?»
«Надошт. Ҳатто ягон бор тарафи телефонхона рафтанашро надидаам... Тракторчӣ – одам...»
Тракторчӣ – одам аз бекорхӯҷаҳойи дар лофгоҳ нишаста канортар буд, зеро донистааст, ки калон ҳама замонҳо бояд аз хурд дуртар бошад. Бо вуҷуди дурӣ ҳарфи ононро шунид:
«Ин райисӣ карда наметавонад... Бесавод... Аз рӯйи қоғаз ҳам хонда наметавонад...»
Ҳоло сӯйи овоз нигоҳ накарда телефони дар ғилофаки миён ҳабс кардааш садо баровард:
– Чӣ?! Серка?! Ё гӯсфанд?... Аз куҷо?... Ному нишонаш нест... Ҳамин хел... Чӣ хеле ки мегӯед, санад шудагӣ... Ҳа акт... Бале меҳмон... Албатта... Меҳмон ба як хӯрок қаноъат намекунад... Рост, айби худамон ҳам ҳаст; обрӯй гирем, гуфта... Дасти худамонро ҳам бурида кабоб мекунем... Рост райис. Мо мардуми меҳмоннавоз... Рост, дигар касб надорем...
Ҳа, доштагиамон ҳамин... Аз бозор? Ростӣ гап... рости гап...
Худатон аз ман беҳтар медонед... Дар хазинайи хоҷагӣ як дир... ҳам нест... Кайҳо... Аз оғилу сарой як хишт ҳам нест...
пасттар гап занед!... Баройи он ки лофгоҳ пури одам... Аз ману шумо нағзтар медонанд... Гӯшакӣ не, баланд-баланд мегӯянд... Ҳа-дия... Шумо пасттар гап занед, ман чӣ гуфтани онҳоро дошта мегирам... Бар падаратон раҳмат... Худо як аст, агар шумо намебудед, ман дар сад сол ҳам райис намешудам... Наход надонам? Дар об ҳам мезадагӣ худатон... Бале, дар оташ ҳам... Ду карат ду... Ҳозир метавонед ин корро кунед... Бале, мард аз қавлаш намегардад... Ман ҳам дар қавлам устувор. Лекин шаройит нест... Ҳо бале, нав аз таги кӯрпайи маърака баромадагӣ барин... медонед-ку?... То ба сари қудрат омадани ман... Ягон чиз! Ҳатто сӯзан намондааст, гӯем ҳам мешавад... Баройи чӣ қабул кардам? Худатон медонед-ку, райис...

пешина
аз 344
навбатӣ