Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сардор гӯё гӯш медоду фикру хаёлаш дигар буд:
«Аз ин мараз бояд халос хӯрд...»
– Ту одами мо, ака. Дар ин ноҳия бисёр кор кардӣ. Ҳамаро хуб мешиносӣ. Маълумот меорӣ. Ба худат сад фи сад бовар мекунам. Лекин дурӯғ намегӯйӣ, фиреб намекунӣ. Шуд?
– Шуд!
Ба оварданҳойи Эҳсон бовар надошт. Бисёр андешиду майна об кард, то чӣ кор кунад? Лек аз касе машварат напурсид. Рӯзе ба хидматгузорони дилобхӯраш фармуд, ки овоза кунанд: «Аз сарҳад ду одами хавфнок гузаштааст...» Овоза шуд. Он дуро террористи гуреза донистанд. «Ноболиғ, таълимдида, супориши махсус гирифта» овоза карданд.
Сардор Эҳсонро ба наздаш хонд ва пурсид: «Шунидӣ чунин овозаро?»
«Неъ!»
«Шунидӣ, нашунидӣ, кор чунин. Ин кор ба худат дахл дорад. Мегӯянд, ки кӯҳ ба кӯҳ мегарданд. Аз Работ то Кошона ва болотар ҷояшон. Лекин дар як ҷо намеистодаанд...
Фаҳмо?»
«Фаҳмою...»
«Давай! Аз пайи кор! Пайдо кардӣ, кордат болойи равған...»
Пойафзори Эҳсон ғилбор, автоматаш сӯзан ва худаш пӯсту устухон гашт; террористро пайдо накард. Наврасони таҳҷойиро дошта оварданӣ шуд, натавонист...
Сардор оҳи сабук кашид: «Сангро шиканад санг...»
29.06.07. Душанбе

БОБО ВА НАБЕРАҲО
Замона чунон шуда, ки касе аз баройи савоб кор намекунад; ҳатто муллову қозӣ, ки аз гуфтаҳо, парвардигор баҳри чунин корҳо халқ кардааст. Бобо пир гашта, зӯри санг аз сари роҳ гирифтан надорад. Хаёлаш, ки наберагон мададгораш бошанд: сангу хасу хошок ва селовардҳойи боғро саранҷом кардан ё бардоштану ба тартиб овардан аз дасташ намеояд.
– Дилшод, ту шаҳрзодӣ, корҳойи деҳиро сомон карда метавонӣ?

пешина
аз 344
навбатӣ