МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Чӯҷаҳойи ҳанӯз шикору сайёдӣ наомӯхта «чу-чу!» ҳайрон мегаштанд. Япончайи аз навозиши модар сер нашударо раҳм боло гирифт ва бо онҳо ёр шуд. Хурӯсона рафтор карданӣ мешуд, лек балад набуд. Норасида низ буд. Ризқҷӯйӣ ва шикор меомӯзонд: мӯру малах, пашшаву хомӯшак ва шапарак пешандоз мекард. Чунон мерафту метохт, ки анқариб парвозро монад. Бол кушода чун шутурмурғ метохт ва ба пас нигариста, чӯҷаҳоро ишора мекард низ битозанд. Онҳо аз бевафойӣ ва беэътиноийи модар ранҷида буданд ва «аз дунёноумедӣ дунёбаумедӣ беҳтар» гуфта, ба дастайи Японча дохил шуда, «Ятимон» ном гирифтанд. Инак ба амру фармони ӯ гӯш медоданд:
«Биҷаҳед! Парвоз омӯзед! Уқобона! Шоҳинвор! Бозу боша барин! Ончунон бояд омода шуд, ки аз Осмон уқобона сангвор гашта, тори шағол бол кушода, то баландиҳо бардошта ба замин чунон зад, ки дигар касе тухми моро шикаста натавонад!»
Машқу таълими Японча баробар мерафт. Дар осмони орзуҳо мегашт, ки рӯзе уқоб мешавад ва аз ғами ятимиву нотавонӣ озод мегардад. Шохи дарахт баромадан омӯхт, тори бом шудан омӯхт ва аз он ҷо ҷаҳидан. Вале онҳо на уқобона, балки мурғона ба замин меомаданд ва сари синаашон ба хок бармехӯрд.
Японча ғамӣ мегашт, ки онҳоро зери болаш ҷой карда наметавонад. Онҳо наздику ҷафс мехобиданд шохи дарахт ва сарҳо зери боли якдигар медароварданд аз тарси шағол ё сармо.
Шабе шағоли зарди думдарози сихгӯш омад ва аз таг нигариста, бо афсун чӯҷаҳо аз тор афтонидан хост. Нашуд. Тани дарахтро харошида таҳлукайи баромадан кард. Японча «қиғ!»
гуфт. Ин аломати Чорчашмро бохабар кардан буд. Шағоли ноогоҳ садойи хурӯсакро тарс пиндошта боз ба танайи дарахт часпид. Ва якбора садойи «пинг!» баровард. Чорчашм аз миёни шағоли зард газида буд.
1.04.07.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё