МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ришта аз пояш кушод. Ба ҳаво андохт. Чӯҷайи навпарвоз дур нарафт. Бол афшонда баргашта сари санг нишаст ва «Ҳақ!
ҳақ!» гуфт. Писарак нафаҳмид, ки ӯ нек гуфт ё бад?
9.04.07.
БАЗМИ ЗОҒОН
Шаб борони тирамоҳӣ борид. Чаҳормағзҳойи хушккаркайи шохи дарахтон нам гирифтанд. Рӯзона зоғон базм карданд.
Села-села шохи дарахтон бор шуда, суруди зоғона мехонданд ва чормағз ба нӯл гирифта, сӯйи адири паҳлӯйи шахи Сафед, ки зиёда аз сесад бозу қулоч баландтар аз боғ буд, мепариданд ва дар ҷойи боб маъво гирифта, гирдакон ба замин гузошта нӯл бар он мезаданд, то сӯрох кунанд ё дукафон. Гирдакон дар адири тез қарор наистода, ғелида паст мерафт ва зоғ аз дунболи он мурғобивор хамида дарёфт карда наметавонист. Дарёфтан душвортар аз он буд, ки бори дигар парида аз шохи дарахт чормағз орад. Гирдакон то роҳи пушти девори боғ ғелида бозмеистод. Баъзе зоғон олуғда гашта аз чанги дигаре ҷавз бурданӣ мешуд ва мағалу хархаша бармехест. Базм чунин буд. Ҷасту нишаст; рафту омад ва ғалоғула базмро мемонд, зеро чунин ҳол ҳар рӯз рух намедод як рӯз ё ду рӯз дар ҳамин адир ид мешуд ва зоғон ба ҷойҳойи дигар мерафтанд.
Аввал бинанда гумон мекард бори имсолайи дарахт зоғчаҳоянд; онҳо зоғҳойи ҷойдорӣ нестанд, балки раҳгузаранд ва насиба гирифта мераванд; гоҳи базм адир сияҳпӯш мешавад. Сурудашон баланд садо медиҳад. Ҷасту хезу нишасташон рақсро монад. Аккаҳо низ буданд миёни онҳо: дум ликконида ва хиш-хиш миёни зоғон чарида, меангехтанд, чуғулӣ ё иғвогарӣ мекарданд; ҷанг меандохтанд. Пасон чормағзҳойи ғелидаро бардошта дар камарҳойи шах пинҳон шуда, гирдакон зери хок мекарданд. Тори шахи Сафед кабутарон кирдору користони аккаву зоғонро тамошо доштанд ва аҷабашон меомад, ки чӣ ҷонваракон ҳастанд онҳо, ки чун одамони мумсику бағиём ҷон мекоҳонанд. Аз донойист ё беақлӣ, ки чормағз зери хок мекунанд. «Меёфта бошанд гӯркардаашонро?»
... Кабутарон то ахир мулоҳиза накарда садойи тир баромад. Чанд кабутар аз ҳаво сарозер ба замин омад. Зоғон даҳонхолӣ парвоз карда чу абр пеши офтобро як лаҳза гирифтанд ва мағалкунон норозиёна сӯйи ҷануб шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё