Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Фарсудаҷисм ғарқа ба хун зери хоку ман, Мустағрақи мушоҳидайи қотилам ҳанӯз». (Ҷомӣ.) 10.04.07.
ЁРУ ҶӮРА
Эшони Сайидхон ҷӯра буд ба чандин меҳмонхона аз рӯйи эҳтиром ва гаштак намедод. Боре дар меҳмонхонайи худ гаштак барпо кард. Ҷӯраҳойи меҳмонхонайи Муқаддас аз ин ҳол огоҳ гашта, маслиҳату машварат оростанд, то як шӯхӣ кунанд; «Илоҷе ёфта деги оши меҳмонхонайи Эшонро бояд дуздид». Намояндагони андоз Муқаддаси Исо ва Мукаррами Ҷӯра бо салоҳдиди ёру ҷӯраҳо Сӯфиро ҳамроҳ гирифта то мемҳонхонайи Эшон омаданд. Сӯфиро паси дарвоза гузошта ба меҳмонхона даромада нишастанд ва дафтари ҳисобу китоби андозро бароварданд. Як-як ҷӯраҳойи меҳмонхонанишинро пурсиданд, ки андози замину обу молро супоридаанд ё на?
– Ягон кас монд?
– Шарифи ошпаз!
– Ҷеғ занед!
Шарифи ошпазро ҷеғ зада дароварданд. Сӯфӣ, ки паси дарвоза фурсати муносиб меҷуст, шиппӣ сари ошдон омад.
Деги тафсони оши паловро бардошта бар сари пӯстакниҳода гузошт. Пӯстак пушт лағзид. Дег танҳо чанд тора мӯйро пахш карда пӯстакро дошт. Сар сӯхт. Сӯфӣ сари мардӣ, дандон ба дандон монда, дегро оварда дар коҳдон ҷой кард ва аз ҳуш рафт.
Андозчинҳо аз Эшон рухсат пурсида рафтанӣ шуданд.
Эшон исрор кард:
– Ба пойи худ омадед... Ош дам кардагӣ.
– Миннатдор, эшонбобо... хӯрдагӣ ҳисоб.
– Аз меҳмонхонайи мо касе даҳони хушк нарафтааст.
Шарифи ошпаз ба дар омада Эшонбоборо имо карда баровард. То дигарон нашнаванд, даст ба рӯй кашид: «Дегро бурдаанд...»
«Зуд деги дигарро мон...» – сирр бой надода хандон ба меҳмонхона даромад Эшон ва ба андозчинҳо рӯ овард: «Дар пойи қадаматон ҷонам...»

пешина
аз 344
навбатӣ