МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хомӯшийи гарон ба миён омад.
Пирзан боз садойи паст баровард: «Об…»… «Пуф…»
17.12.06
БОҶӮРАБОЙ
Боҷӯрабой дар умраш ба андозайи пояш кавш напӯшидааст. Зеро ӯ ягон бор аз мағоза ё бозор пойафзор нахаридааст, ки ба пояш чен карда бошад. Ҳама умр кӯҳнайи касеро мепӯшид, ки калон, гарон ва кушодгашта буд. Аз ин рӯ он поафзорро бардошта, пой пеш намеандохт, балки кашола мекард; чун лижаронон, ки лижайи зери пояшонро набардошта сойида ба барф роҳ мераванд, ӯ низ пойафзори кушоду гаронро ба замин сойида қадам пеш мебурд. Шояд таъсири чунин роҳгардӣ бошад, ки қоматаш хамида ва монанди хирси роми дар танаш либоси одамӣ пӯшонида, дастонаш баробар ба пеш; беҳаракат дошта, тахтапушташ андаке кӯз роҳ мерафт. Такаббур, ғурур ва даст партофта рафтанро намедонист.
Суду зиёнро ҳам намедонист. Ҳамин қадар медонист, ки аз хоб хеста дасту рӯй бояд шуст ва ба хидмати ягон кас бояд расид. Зеро дар хонае, ки ба номи ӯ аз гузаштагон мондааст ягон кори мекардагӣ нест: молу ҳол нест, кишту кор нест, ягон кас нест, дуду алоб ҳам нест; баъзан чароғ ҳам нест; зеро умри ӯ дар хидмати дари мардум мегузарад. Ӯро касе маҷбур намекунад, ки ба дари ӯ омада кор кунад, балки худаш фаҳмида, дониста меравад, ки ёрмандӣ кунад. Ва баройи кораш ягон музд ҳам намегирад. Худашон дониста ягон чиз, ё либоси кӯҳна диҳанд, мегирад; хандида завқ карда мегирад.
Хандон аз он даргоҳ баромада меравад. Баъзан эълон ҳам мекунад, ки акнун ба хонайи Фулонӣ меравад, маърака дорад.
Аз ин ҷо ба он ҷо расида, хобаш мегирад ва дар ҳамон ҷо шабро рӯз мекунад ё ошпазу чойҷӯшон бедораш мекунанд, ки вақт шуд. Ӯ медонад чӣ кор карданро: Оташ меафрӯзад – гӯлахӣ; об мекашонад аз рудбор; ҳезум мешиканад; оташи самоворро мегиронад; чой дам мекунад. Дар фаслҳойи гарм бо шавқу завқ мегузаронад маъракаро; хастагӣ ва мондашавиро намедонад. Механдад. Ягон сухани ноҷо гӯянд ҳам, иллату сарзаниш кунанд ҳам, ҳарфи нек пиндошта «билло ҳа!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё