МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Баройи ту кардам! Бачаҳо лучу гушна намонанд, гуфтам. Ту ба гапи кадом нохалаф рафта ба сарам борони тӯҳмат мерезӣ! Нахоҳӣ, худам ба суд ариза медиҳам!
– Неее... Ман намемонам, ки ҳамту осонакак халос шавӣ.
Аввал ба ҳама гуноҳҳоят ҷавоб мегӯйӣ, баъд...
– Ман чӣ гуноҳ кардам?
– Чӣ гуноҳ кардӣ? Чӣ гуноҳ кардӣ?! Маст шуда бачаяка бо мошинат зада куштӣ. Ин гуноҳ нест? Доштаву надоштаатро ба милисаву суд дода, гуноҳро ба сари ҷияни бечораат бор кардӣ, ки сари фармон ӯ буд. Баъд ӯро ба психболнисайи Кӯктош хобондӣ, ки девона... Ҳамайи ҳамин дурӯғ?
Хомӯшӣ. Аз он тараф садое нест. Ин тараф ҳам дамбадарун гӯш ба пиёла медиҳанд. Гӯйӣ аз даруни пиёла руд ҷорист...
Сонӣ ин намойиш бачаҳойи ҳамсояро нафорид, ки гӯшаки телевизорро гардонд. Садо омад:
«Соқ-соқиҷон, пиёла пурмай кун!
Ороми ҷон пиёла пурмай кун!
Дардаш ба ҷон, пиёла пурмай кун...»
Пиёладор дигар ин мавзӯъро бо келинаш муҳокима накард.
Тозон ба кӯча баромад, то моҷаро ба ҳамсояҳо гӯяд. Дарвозайи рӯ ба рӯ боз шуд. Пиёладор даҳон пур карда буд, то воқеъа гӯядашон. Лек онҳо даҳон пури ханда аз Пиёладор пурсиданд:
«Дидӣ? Телевизора дидӣ?»
«Не! Шунидам».
«Шунида кай бувад монанди дида?»
29.05.07.
МАЗОР
Ин мазоре нест, ки ягон тасодуфан ба ин тарафҳо раҳгум зада фавтида ва мардум ғарибро дар гӯристон роҳ надода, дар ҳамин гӯшайи диёр ба хок супорида бошанд. Он вақт ин ҷо чӣ ҷое буд, касе намедонад. Касеро ба хок насупоридаанд ва гӯру гӯрхона ҳам нест. Як чанору як чашма. Касе намедонад, ки нахуст чанор рӯйида буд ё чашма. Сарчашма аз чанор болотар ва аз бехи чанор обаш мегузарад. Чанор аз шохи баландаш хушк мешавад, мегӯянд. Чанори азими парешоншох чунин шохҳойи хушку шикаста дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё