Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

БАДБАХТӢ
Падари писари ҷабрдида назди додситони ноҳия омад.
– Мирзоамин, медонед, ки ман ёру бародари падаратон будам. Наздатон омадам, ки...
– Писаратон ҷинояти сахт содир кардааст...
– Росташ ман надидаам ҷинояти ӯро.
– Дидаву дониста бо мошинаш одам задааст.
– Ин хел набояд бошад. Ӯро хуб задаанд. Илоҷе карда аз дасти авбошҳо раҳо ёфта ба мошин нишаста гурехтанӣ шудааст. Ба мошинаш часпида, шишаҳойи мошинро мушткӯбӣ кардаанд... Рост, ки вақти мошинро ҳаракат додан яке лағҷида афтидааст ва пояш зери чарх мондааст. Дар баёноташ ҳамин хел...
– Ҳамаашро тафтиш нишон медиҳад...
– Ҳамин хелу... ақаллан росташро ба инобат гиранд. Офатсум – полковник хешони арӯс будааст. Фармон медодааст, ки баёнотро тарзе нависанд, ки Офатсум – полковник мехоҳад.
– Ман мефаҳмам дили падарро... Лекин бадбахтӣ дар он, ки ману шумо ҳамшаҳр...

ДАҲОНИ МАРО ДӮЗЕД
Зан ҳар гоҳ сухани шӯро қайчӣ мекард:
– Ҳазор бор ба шумо гуфтам, ки дар пеши ҳар кас даҳон накушоед. Чӣ шумо ақл надоред? Замонаро намедонед?
– Чӣ гуфтам? Гуфтам, ки ҷойи Калон он ҷо нест. Бояд дар курсийи пасттар менишаст.
– Лозим не. Девор муш дорад, муш – гӯш.
– Мо ҳардуямон. Каси саввум нест-ку?
– Як гапро каси дуюм, ки донист, каси сайюм ҳам медонад.
– Медонӣ, чӣ занак? Ҳамон Калони ману ту худогир шавад!
– Уҳ! Каппам дуд кард!
– Ман баройи ҳамин ба дунё омадаам, ки мисли бегомот хураму сукут кунам? Ман одам-ку? Ҳамон гов, ки гов аст, гушна монад, бонг мезанад!
– Шумо гов не-ку? Одамвор рафтор кунед!

пешина
аз 344
навбатӣ