Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй баҳор, обам кун,
Эй баҳор, обам кун,
Эй баҳор, обам кун!


Кош ман асли ман ҳамебудам.
Худи худ ҳар заман ҳамебудам.
Асли худро зи худ намерондам,
Асли худро ватан ҳамебудам.
Бо дили хеш гаҳ на бегона,
Кош ҳамҷону тан ҳамебудам.
Дур аз ин баҳсу даъвии мардӣ
Панаҳу пушти зан ҳамебудам.
Бутшикан будаам гаҳу ногаҳ,
Кош гаҳ худшикан ҳамебудам.
Хом не, хома мебудам, эй кош,
Сар ба пои сухан ҳамебудам…

Катибаҳо
Дар китоб
Зи ҳар кас ҳарфаке дар ёд бошад,
Маро ў бешу кам устод бошад.
Дар фарсангсорон
Норафта расидем ба ҳар чиз, валекин
Ҳарчанд ки рафтем, ба маънӣ нарасидем.
Мапаймо раҳи рў, бишав рўи роҳ,
Раҳо шав зи моҳӣ, раҳӣ шав ба моҳ!
Расидаем то ба маҳ, ба қадри ҳам намерасем,
Чи раҳрав аст ин, чи раҳ, ба қадри ҳам намерасем?!
Дар чароғ
Зибаски тиратар аз рўзи ман танҳо шаби тор аст,
Маро беш аз чароғи шаб чароғи рўз даркор аст.
Дар каланди деҳқон
Зи оби рў басе бахшад заминро,
Замин то ки бубахшад обрўяш.
Дар пештоқи Донишгоҳи кишоварзӣ
Ба ҳайси мактаби деҳқон замоне
Дари худро дар ин кишвар кушодӣ,
Ба ин кишвар раис додӣ фаровон,
Ба ин кишвар вале деҳқон надодӣ.
Дар пушти акси худ
Аз ҷавонии худ зи худ рафтам,
То ба худ омадам, ки пир шудам.
Дар тешаи пайкарасоз
Ман, к-аз дили Фарҳод хабар доштаам,
Бар санги хаёл теша бардоштаам.
Дар намаксанг
Гав намак мехураду ҳеҷ ба ёдаш нарасад,
Ки намак хурдани ў фоидаи қассоб аст.
Дар тозиёна
Рўҳонӣ офтобе ку, то бикўбад аз ҷон
Бар фарқи зулмати дил бо тозиёнаи нур?!
Дар номаи ошиқӣ
Суратамро зи ҳар китоб кананд,
Аз китоби дили ту натвонанд.
Дар ангуштарин
Ангуштари тиллост рафиқи ҷонӣ,
Бар ёд расад гаҳе, ки аз даст равад.
Дар санги гўр
Мушкилоти зиндагӣ дил кандан аз дунё бувад,
Варна ҷон кандан барои одамӣ душвор нест.
Баҳри ман моли ҷаҳон дар ду ҷаҳон хору хас аст,
Зикри хайре ҳама рўзам ба сари хок бас аст.
Ин ҷаҳон мемонад он соне, ки буд,
Мо ғамашро мехурему меравем.
Дар лавҳи гўри волидон
Маро дар хок ҳам дорад ғаме банд,
Ки озурдам ба маргам ҷони фарзанд.
Дар кўрпа
Поро ба қадри кўрпаи худ дароз кун,
Чени ниёзи зиндагии хеш ноз кун.
Дар бухорӣ
Мо ҷониби рўи гарм биштофтаем,
Аз гармии рў гармии дил ёфтаем.
Дар тоқӣ
Сари сабзат таҳи тоқӣ бошад,
Ёри ҷон, умри ту боқӣ бошад!
Дар гулдаста
Худоё, маро ҳамдами ёр кун,
Варо кардаӣ гул, маро хор кун!
Дар шиор
Аз ту ман дилгармӣ омўзам,
Зинда бош, эй ёри дилсардам!
Дўсти номард, маргат беҳ,
Зинда бош, эй душмани мардам!
Дар ҳар кўҳ
Баландие набошад чун Бадахшон,
Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон!
Дар китоби забон
Бисёр магўед чунин буду чунон буд,
Гар асл бигиред, «камон» низ «хамон» буд.
Дар шишаи шароб
Бо шароби куҳна нисбат нест дарди куҳнаро,
Мекунад он масттар, ин мекунад ҳушёртар.
Дар куртаи тифлӣ
Орзўҳо чу куртаи тифлист,
Мо дар онҳо дигар намегунҷем.
Дар соат
Бо ҳама шодӣ он замон бигзашт,
Бо ҳама ғусса ин замон омад.
Дар сарви боғ
Ман қадди сарват дидаам, сарват нахоҳам баъд аз ин,
Кофист сарват, ҷуз қади сарват нахоҳам баъд аз ин!
Дар сигор
Бо ту будам, ҳамчу оташ ҷамъ будам, ҷамъ будам,
Бе ту аз ин пас парешон ҳамчу дудам, ҳамчу дудам.
Дар дандони тилло
Аз бобати тиллои Ватан баста даҳонро,
Хокам ба даҳан, ин ҳама тиллобадаҳонанд!

пешина
аз 235
навбатӣ