Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Озодии инсон бувад, ободии имон бувад
Умре талоши мову ман, эй ҳамдилон, омин кунед.
Ғазали дарё
Бувад аз қатраи ҷонбахш обу донаи дарё,
Тапад мурғи дилам дар орзўи лонаи дарё.
Ман аз пайконаи дунё чи гўям, иқтибосаш бин –
Сари сад мавҷро ҳар дам хўрад пайконаи дарё!
Зи қолаб ҳамчу масте мебарад худро бурун ҳар дам,
Чи сон май рехтӣ, эй ризқ, бар паймонаи дарё?
Лаби дарё зи худ бегона гардад ҷумла дарёдил,
Вале дарёдилеро дидаӣ бегонаи дарё?
Нигоҳи ман, магар тўфони чашмам нестат кофӣ,
Ки туғёнҷўй ҳар дам меравӣ бар хонаи дарё?!
Биомезам ба амвоҷаш, биафзоям ба овозаш,
Мани девонаи соҳил шавам девонаи дарё!
Бараш дил аз сукуту аз карахтӣ мешавад холӣ,
Ки аз туғёну тўфон пур бувад анбонаи дарё.
Равону поку ширин чун дарӣ дар ҳар даре бошад
Забони Вахшу Балху Машҳаду Фарғонаи дарё.
Ба ганҷи ошиқӣ қонеъ дар ин дунёи вайрона,
Нишинам бо дили обод дар вайронаи дарё.
Агар сатре равон гуфтам, ту дарёро бикун таҳсин,
Ки кардам иқтибоси сатри ҷовидонаи дарё.
Давоми ин ғазалро аз худи дарё бирав бишнав,
Ки чун дарё надорад охир ин афсонаи дарё…
Парасту
Шукрона, ки бар тахти само меҳр нишаста,
Сарриштаи доми дайу сармош гусаста,
Занҷири ях андар қадами об шикаста,
Гулҳо ҳамагӣ руставу дилҳо ҳама раста,
Аз сардии дай раста, чуноне зи қафас, ту,
Эй сода парасту,
Озода парасту.
Ҳастӣ ту парасту, ғаму кулфат напарастӣ,
Нафрин накунӣ бар касу нафрат напарастӣ,
Ҷуз кору ҷуз эъмор фазилат напарастӣ,
Ҷуз сулҳу сафо, меҳру муҳаббат напарастӣ,
Чун қосиди гармӣ ба дили сард бирас ту,
Эй сода парасту,
Озода парасту.
Эй пайки баҳорон, ту барои дили моӣ,
Файзи дили моиву сафои дили моӣ,
Хушболупаро, зеби фазои дили моӣ,
Дар сина парафшон ту ба ҷои дили моӣ,
Шав ҳампари мурғи дили поки ҳама кас ту,
Эй сода парасту,
Озода парасту.
Ту ҳамдили инсониву ҳамманзили инсон,
Шўрида туро дасти азал аз гили инсон,
Инсон набувад чун ту гаҳе ҳамдили инсон,
Ин сон ту бимон ҳамнафаси оқили инсон,
Рав, лона бикун рўи раву зери нигас ту,
Эй сода парасту,
Озода парасту.
Бехавфу пурово ҳама парвози ту бодо,
Анҷоми накў аз пайи оғози ту бодо,
Бурро пайи некии ту миқрози ту бодо,
Олам ҳама пурқиссаву пуррози ту бодо,
Бодо ба ту ин олами ҳастӣ ҳама ҳасту,
Эй сода парасту,
Озода парасту.
Маҳрухо, ишқи туро ман аз само талбидаам,
Бехудо, ишқи туро ман аз Худо талбидаам.
Зор будам бе ту шабҳо пеши бахтам то саҳар,
Ман туро аз бахти худ бо зораҳо талбидаам.
Бо ту буданро чу бахту қисмат андар рўзгор
Ман ҷудо аз бахту аз қисмат ҷудо талбидаам.
Чун маро дил як балокаш буду чашмат пурбало,
Ман барои ин балокаш он бало талбидаам.
Шарфаи пои туро ҳар лаҳза сўи хонаам
Чун садои қисмати худ бесадо талбидаам.
Хорҳо бар чашмҳо бигрифтаву аз бахти хеш
Мижжаҳоямро бароят хори по талбидаам.
Зиндагии бебаҳоямро баҳоят кардаам,
Дар баҳояш ман туро, эй бебаҳо, талбидаам!
Камони ду абрў
Ба тири нигоҳу камони ду абрў
Маро куштаӣ ту, маро куштаӣ ту.
Аё эй камонкаш, чи сон ту дақиқӣ,
Ҳақиқист тират, камонат ҳақиқӣ.
Камони ту аз ҳар камоне баланд аст,
Камони ду абрўст, яъне дучанд аст,
Ба ҳар ранг тире бизан дар замонҳо,
Парад ранг аз рўи рангинкамонҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё