Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ҷои Рўдакӣ
Барои Камол Насрулло
Сўи мо умре ду чашми пурзиёи Рўдакист,
Чашми бинои ману мо муддаои Рўдакист.
Рўди дигар Рўдакист андар диёри Панҷрўд,
Байни Кўҳи Булбулон хуштар навои Рўдакист.
Даркушоӣ карда ў як умр дар лафзи дарӣ,
Худ дарӣ эҳдои шеъри даркушои Рўдакист.
Аз баландии назарҳо чашми ў ёбад даво,
Сарбаландии ману мо ҳам давои Рўдакист.
Гарчи холӣ монда эй бас сафҳаи девони ў,
Пур ҳазорон дил зи шеъри пурбаҳои Рўдакист.
Баҳри ҷо, эй шоирон, дар шеър кам даъво кунед,
Ҳар қадар ҷое бувад дар шеър, ҷои Рўдакист.
Нест пайдои ману мо шеърҳои хуби мо,
Шеърҳои хуби мо гумкардаҳои Рўдакист!
Ба Хоҷа Ҳофиз
Хуш ба ҳолат, пайки танро сўи ҷон ҳам бурдаӣ,
Норавонеро равон сўи равон ҳам бурдаӣ.
Бар замин оварда буд Одам зи қисмат ишқро,
Ту зи ҳиммат ишқро бар осмон ҳам бурдаӣ.
Эй басо ҷустӣ нишон аз ин ҷаҳони бенишон,
Бенишониро яқин то бар нишон ҳам бурдаӣ.
Ҳам забонатро раҳо кардӣ зи пастии замон,
Ҳам замонро то баландии забон ҳам бурдаӣ.
Сафҳаат саҳрои мушкин буд, эй мушкинқалам,
Чун ғизоле ҳар ғазалро то макон ҳам бурдаӣ.
Умри ту гар соате дар соҳати таърих буд,
Хешро аз соате то ҷовидон ҳам бурдаӣ.
Эй азизи ростон, кардӣ ғазалро достон,
Гўйи сабқат бо ғазал аз достон ҳам бурдаӣ.
Асрорӣ26
Шавад ҳар ҷову ҳар гаҳ боиси гуфтор Асрорӣ,
Бигўям ман, ки воҳид буду нотакрор Асрорӣ*
.
Чу дарёдил надида қатраеро камтар аз рўде,
Надода аз ҳалимӣ мўрро озор Асрорӣ.
Дили афгори аз ҷанги ҷаҳонашро ниҳон медошт,
Аз он афгор берун мекашид афкор Асрорӣ.
Ҷавониро ба разми хасми кишвар доду то пирӣ
Алайҳи хасми маънӣ буд дар пайкор Асрорӣ.
Кашида бо кашокашҳои афзун то сари минбар
Садои халқро аз кўчаву бозор Асрорӣ27
.
Ба аҳли тавқ инкори фаровон пеш меовард,
Ба аҳли завқ бо сад шавқ буд иқрор Асрорӣ.
Чу кораш боғбонӣ буд дар боғи адаб умре,
Забон меёфт осон бо гулу бо хор Асрорӣ.
Басо устодҳо чун ҳазратону хоҷагон буданд,
Ба шогирдон валекин ҷўра буду ёр Асрорӣ.
Ба дафтарҳои санҷиш ёдгор аз ҳимматаш монда
26 Профессор Воҳид Асрорӣ– устоди донишгоҳии бисёре аз адибон.27 Ишора ба муҳаққиқи эҷодиёти шифоҳии халқ будани мавсуф.
Барои ҷумлаи шогирд панҷу чор Асрорӣ.
Нагўӣ дасткўтоҳаш, ки аз ҳар сўй бар сарҳо
Расонда дасти меҳри хешро бисёр Асрорӣ28
.
Баҷо ворид ҳамегардид бар дилҳову манзилҳо
Муниру гармдил чун нору чун анвор Асрорӣ.
Ба боғи сабзи маънӣ аҳли сират ҷовидон бинад,
Ки сабз истода чун як шохаи пурбор Асрорӣ.
Тамоми умр асливу маҷозӣ роҳ мепаймуд
Чи ҳамвор андар ин дунёи ноҳамвор Асрорӣ.
Равон то бошадам, дар кўчаи ёду хаёли ман
Равон бошад хаёлолуду пурасрор Асрорӣ.
К а т и б а ҳ о
Дар ҷоҳу чоҳ
Рустам, ки ҷонибаш назари аҳли ҷоҳ буд,
Дардо, насибааш зи азал қаъри чоҳ буд.
Дар диданиву хўрданӣ
Моро насиби зиндагист
Дар ин ҷаҳони бебақо
Аз диданиҳо – пеши по,
Аз хўрданиҳо – пешпо.
Дар боли шабпарак
Ин турфа бин, ки Исо
Фарзанди Офтоб аст,
Мурғе, ки офарид ў,
Аз рўшанӣ қимоб аст!
Дар курсӣ
Ҳар ки бар роҳи сиёсат по ниҳод,
Пок бодо, пок бодо, пок бод!
Варна айби курсиаш бар ў расад,
Айби ў гўянд мардум то абад.
Эй хушо, ҳар раҳбареро, к-аз карам
Муҳтарам гўянд, бошад муҳтарам,
Муҳтарам дар ҳозиру дар ғайб низ,
Маҳв айбаш, курсиаш беайб низ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё