Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дидам дар ў дунёи хеш, гумгаштаву пайдои хеш,
Оинаам дар рў ба рўст, ман донаму ўву Худо.
Дилҷў ду ҷў якҷо шудем, раҳҷўи як маҷро шудем,
Сад ҷў ҷудо аз ин ду ҷўст, ман донаму ўву Худо.
Аз рўи ўям чун ба боғ, аз бўи ўям хушдимоғ,
Моро баҳор ин рўю бўст, ман донаму ўву Худо.
Бингар ба ҳоли неки ман, чун аз бадӣ гўям сухан,
Охир, саропо ў накўст, ман донаму ўву Худо.
Як шуд чу ҷони мову ў, кай дар миёни мову ў
Ҷое барои тори мўст? Ман донаму ўву Худо!


Чашми ту гарм пурсупосам кард,
Ишқи ту бо дилам шиносам кард.
Ринди жўлидае набудам беш,
Ҳусни ту хушсарулибосам кард.
То ту будам яке намакхора,
Бўсаҳоят намакшиносам кард.
Шеърҳое зи ишқи ту гуфтам,
Ҳама дилдода иқтибосам кард.
Ғами ишқат, ки бешу камҳо дошт,
Аз ғами бешу кам халосам кард.
Будаам аз авомҳои ишқ,
Ишқи хосат зи хайли хосам кард.


Рўзгорони туро ҳар рўз дидан ёд бод!
Дар раҳи ту интизориҳо кашидан ёд бод!
Ёд бодо растан аз хешу гирифторат шудан,
Бо ту аз дигар гирифторӣ раҳидан ёд бод!
Як ишорат менамудам, мерасидӣ пеши ман,
То қиёмат он ишорат, он расидан ёд бод!
Дар канорам метапидӣ чун дилам, эй беканор,
Ёд бодо он канору он тапидан ёд бод!
Он тани зебо асалдон буду ман як талхком,
То ба бехуд гаштанам аз он чашидан ёд бод!
Ёд бодо он зимистони беҳ аз садҳо баҳор,
Он баҳору лолаҳои бўса чидан ёд бод!
Субҳдам субҳи рухат ҳам медамид аз баҳри ман,
То ба шоми умрам он субҳу дамидан ёд бод!


Дастҳои ҳалқаат бар гардани ман зинда бод!
Сар ба зери дори ту овардани ман зинда бод!
Аз лабат май хурдани ман зинда боду баъд аз он
То ба васли дигарат ғам хурдани ман зинда бод!
Дар баҳорон, к-аз ҳавасҳо хор ҳам гул мекунад,
Бе гули рухсораат пажмурдани ман зинда бод!
Дар фироқат бо хаёли ишқи беозори ту
Ҷону дилро аз алам озурдани ман зинда бод!
Зинда бодо бо хаёлат зистанҳои дилам,
Бо ғамат сад бор ҳар дам мурдани ман зинда бод!
Зинда бодо бар ту биспурдан диламро аз азал,
То абад баҳри ту ҷон биспурдани ман зинда бод!


Эй гул, марав, эй гул, марав, бо худ мабар афсонаам,
Бе ту чи кор ояд дигар ин ҷони беҷононаам?
Аз баъди созу сўзи дил, сўзи сабақомўзи дил
Эй Лайлии охирзамон, охир макун девонаам.
Ин донаҳои ашки ман аз ҳосили сўзи дил аст,
Эй кабки маст, эй кабки маст, бингар ба обу донаам.
Мўят ба рўи шонаам чун обшор афтода буд,
Сад хотироте монда тар аз мўи ту дар шонаам.
Аз ашки ёдат пур шуда паймонаи чашмони ман,
Ҳаргиз мабодо пур шавад дур аз рухат паймонаам.
Гарчи дилам озурдаӣ, бўи вафоро бурдаӣ,
Монад муаттар то абад аз бўи ту кошонаам.


Дунёи ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Барҷои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Дирўзи ман ишқи ту буд, ишқи ту аст имрўзи ман,
Фардои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Дар чор сў, дар ду ҷаҳон, дар сад макону ломакон
Яктои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Дар хушксори ин ҷаҳон ман ташнаҷони ташнаҷон,
Дарёи ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Бозор шуд кавну макон, бозоргонӣ шуд ҷаҳон,
Савдои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Тақдири гардунӣ бувад - дунё пур аз дунӣ бувад,
Волои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Даҳр аст гургу баррае, парво надорам заррае,
Парвои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!

пешина
аз 235
навбатӣ