Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кошонаи нур
Ганҷи дили ту ба Кўҳи Сандуқи ту буд,
Дасти хиради замона сандуқ кушуд,
Аз симу зари ту мулк шуд доротар,
Аз нури ту чашми мулк шуд бинотар.
Норак, Норак, чашми ту - кошонаи нур,
Норак, Норак, чашми бад аз рўи ту дур!
Норак, Норак, ҷаҳони дигар Норак,
Аз меҳри дилӣ гарму мунаввар, Норак,
Аз нури ту кўҳу рўди ту нуронист,
Аз меҳри дилат вуҷуди ту нуронист.
Норак, Норак, чашми ту - кошонаи нур,
Норак, Норак, чашми бад аз рўи ту дур!
Дар хоки Ватан ту хоку оби дигарӣ,
Дар синаи кишвар офтоби дигарӣ,
Ҷони Ватан аз ту гарму пурнуртар аст,
Рўз аст шабаш аз туву шомаш саҳар аст.
Норак, Норак, чашми ту - кошонаи нур,
Норак, Норак, чашми бад аз рўи ту дур!


Андар ин дунёи вайрон хонаат обод бод!
Дар ҷаҳони бандагӣ мурғи дилат озод бод!
Андар ин даҳри парешон ҷамъ бодо хотират!
Андар ин дунёи бодӣ ҳар ғамат барбод бод!
Дар ҳама маҳфил, ки ҳарфи некиву некон зананд,
Аз ту бо шавқи фаровон ёд боду ёд бод!
Нуру норат, эй бародар, аз азал ҳамзод буд,
Нуру норат, эй бародар, то абад ҳамзод бод!
Тўй бодо, сур бодо, базм бодо, ҷашн бод,
Доимо дар хонаат ҳарфи муборакбод бод!
Қисса кўтоҳ, аз дилам ҳар лаҳза ояд ин садо:
Эй бародар, хуш туро ин маҳфили мелод бод!
Мусоҳибаи сари роҳ

  • Ишқ?
  • Як омезаи чандин канору бўсаҳо.
  • Меҳр?
  • Кампайдо дар ин олам чу риши кўсаҳо.
  • Сидқ?
  • Ваҳмангези ин зоғу заған чун хўсаҳо…

Аз азал дунё саропо огаҳ аст:
Ҷовидон аз лаҳзаҳои кўтаҳ аст.
Маънии дунё чунон носода нест:
Одамӣ не, ҷовидон одамгарист.
Арча
Эй арча,
Дар зодрўзи Абдулло Ёр
Эй нишонаи сарсабзӣ,
Ки «баҳору зимистон ба як ҷомаӣ»,
Бо ҳар барги сабзат
Зи сарсабзии ҷовидона номаӣ!
Гадо
…Нони субҳаш офтоб аст.
Нони шомаш моҳтоб аст.
Қиссаи нонаш фақат садҳо китоб аст…
Зиндагӣ
Сад китоби аслии луғат бидидам,
Лек маънии варо аслӣ нафаҳмидам…
Чист, ё раб, зиндагӣ –
Роҳ аст?
Ё раҳораҳ ҳасрату оҳ аст?


Сано, эй роҳ,
Сано, эй роҳ,
Маро аз остон то остон бурдӣ,
Маро аз ростӣ то ростон бурдӣ,
Зи байни дуду оташ бурдиам, аҳсан,
Накардӣ гум маро,
Раҳгум нагаштам ман.
Гиреҳ кардам туро дар пои худ чун банди озодӣ,
Раҳи бадхоҳро бастӣ ту бар сўям,
Ба сўи дўстон роҳам ту бикшодӣ.
Ту бурдӣ пешаму аз пеш рафтан кардиам огоҳ,
Ташаккур аз туву аҳсан туро, эй роҳ.
Намондам пой бар бероҳа ман ҳаргиз,
Накардам роҳбар бероҳаро бар хештан ҳаргиз,
Агар раҳгум задам гаҳ,
Ман гила аз хештан кардам,
Ту, эй раҳ, рост будӣ,
Боз ман рў сўят овардам.
Чи хушбахтам,
Ки поям ошноят буд,
Сароғозат – ҳавас,
Сарманзили ишқ интиҳоят буд.
Сано, эй роҳ,
Сано, эй муъҷиби таъхири дилдорам,
Сано, эй дидаи чорам,
Барои бехалал пас бурданат ўро зи кўи ман,
Барои бозу боз оварданат ўро ба сўи ман.
Дили ман буд – бо ҳар зарби пояш дар барат мезад,
Дили ман ҳамраҳаш мерафту меомад.
Сано, эй роҳ,
Бурдӣ шубҳаҳоямро
Ва овардӣ умеди бебаҳоямро.
Равон бо ман бимон, эй роҳ, то бошад равон поям,
Маро бо ман расон дар кўи дури орзўҳоям.
Ва рўзе дар барат гар роҳи умри ман ба сар ояд,
Бимон обод, к-аз пас боз афзун раҳсипар ояд…


Баҳор омад, биё, дилро ба барги гул бипечонем,
Ба дилҷўе кунем эҳдо, ба гулрўе фиристонем.

пешина
аз 235
навбатӣ