Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ҳарфи ҳақ андар забонаш, ройи ҳақ дар тинаташ,
Зери кору зери ору зери дор ў зинда монд,
По ба пои зиндагӣ буд ў равон дар ҳар замон,
Бо сухан, бо илму фан то ин замон поянда монд.
Ҳар куҷое рафт тоҷик, аз пайи эъмор рафт,
Мулкҳоро кардааст обод ҳатто гўри ў,
Гўшаҳоеро, ки ҷуз вайронаи қисмат набуд,
То кунун маъмур дорад марқади маъмури ў.
Мавҷгири муқтадири нусрату бахти баланд
Мебарад овозаю овозаш акнун то фалак,
Дар ҷаҳон ў эй басо парвози рўҳонӣ намуд,
Орзў дорад дилам парвозаш акнун то фалак…
Гўшам аз бигзаштаи пуризтиробаш бишнавад:
Мурда-мурда зист ўву рўи мурданро надид.
Баҳрам аз ояндаи рахшандааш ояд паём:
Мурда-мурда зист ўву то ба номурдан расид.
Ватандор
Пеши чашмам – резиши барги разон,
Бехи гўшам – нолиши боди вазон,
Чун баҳори модари н-осудаҷон
Ман ба дунё омадам фасли хазон.
Дардолуд аллаҳои модарам
Кард дардолуд дилро дар барам,
Ў намедонист роҳам то куҷост,
Ман намедонистам ин дунё чарост.
Шири ўро мемакидам ҳар нафас,
Набзи ўро мешунидам ҳар нафас,
Чун дили ў метапидам ҳар нафас,
Бо дили ў метапидам ҳар нафас.
Гар дили чокаш диламро кард чок,
Ботини покаш диламро кард пок,
То шудам пайванди обу хок ман,
Ҳамчу ў фарзанди обу хок ман.
Пас дили ўям тапидан ёд дод,
Лафзи ўям оҳу шеван ёд дод,
Набзи ўям бо Ватан пайванд кард,
Меҳри ўям бар Ватан фарзанд кард.
Ин Ватан ҷон гашту ман гаштам бадан,
Дар ҷаҳон бе ҷон бувад бекор тан,
Чун хасе бекораам ман бе Ватан,
Бекасу бечораам ман бе Ватан.
Аз барои ўст, ҳар коре кунам,
Хоки пои ўст, ҳар коре кунам,
Норасо ҳам бошам андар зиндагӣ,
Ман расоям бо Ватан дар зиндагӣ.
Гирамаш ман бо ҳаво умре нафас,
Баски бе ў ин ҳаво бошад абас,
Дар дилу дар дида ўро бо ҳавас
Мекунам ҷо бо гулу бо хору хас.
Ман натанҳо будаам анбози ў,
Балки умре будаам сарбози ў,
Ман барояш мекашам ранҷи фузун,
Оқибат мебахшамаш ганҷи фузун.
Мекунам худрову ўро пуртавон,
Мекунам худрову ўро ҷовидон.
Хуни дилро аз барояш рехта,
Мешавам ман бо Ватан омехта.
Такягоҳ
Қатори ҳар ниҳоле мешавам сабз,
Шавад чун сабз саҳроҳои корам,
Ки як сарсабзи рустозодаам ман,
Ки ғайр аз тинати деҳқон надорам.
Нагаштам аз пайи ҳарфу ҳиҷоям
Агар ҳампешаи бобои деҳқон,
Варо бинам ҳамеша реша дар об,
Манам ҳамрешаи бобои деҳқон.
Шабони сарду тори тирамоҳон
Ба ёдаш гарм шуд дасту дили ман.
Агар мебаст як қитъа сафолак,
Дилам мемонд аз обу гили ман.
Мани фарзанди деҳқон хуб донам,
Чи мушкил мешукуфад ғунчаҳояш,
Ки деҳқонро намояд хандаи бахт,
Сипоси заҳматаш бахшад тилояш.
Наҷўяд асли деҳқон такягоҳе,
Каландаш такягоҳаш буду бошад.
Чаро ҷўяд зи дунё роҳи дигар,
Ки ҳар як ҷўя роҳаш буду бошад.
Нахоҳад зад варо бо панҷаи нур
Ба саҳро офтоби рўзгорон,
Барояш беҳтарин як соябон аст
Ҳамон як пораабри пайки борон.
Хаёли обрўву ҷо надорад,
Қаноат дорад ў бо оби ҷўяш,
Ки ҳар обичае дар панҷаи ў
Бувад чун қатрае аз обрўяш.
Чу як сарсабзи рустозодаам ман,
Ба ғайр аз тинати деҳқон надорам,
Қатори ҳар ниҳоле мешавам сабз,
Чу гардад сабз саҳроҳои корам.
Ба ҳар як сафҳа, ҳамчун дар сари кишт
Ба сар меоварам андешаи ў,
Ҳамеша решааш дар об бодо,
Ки сабз аст ин ҷаҳон аз решаи ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё