Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Он соилам, ки ҳукм намояд ба подшаҳ, Он бандаам, ки зўр биёрад ба кадхудо.
Ман хушксори маргаму дарёи зиндагӣ, Лабхандаи хуши гулу фарёди булбулам.
Ҳар кас, ки нагзарад зи ман, осон гузаштанаш, Рўди пуроби зиндагиам, лек бепулам.
Доруҳарф
Барои табиб Анвар Исомиддинов Ба ҳарфат кардаам одат чу бар доруи хобовар.
Ба ҳарфат кардаам балки чу бар дору чунон бовар, Ки бар ёдам наояд он шабе, хобам намеояд, Ба имдодам наояд чун ҳабе, хобам намеояд, Каломи зўрмандат ҳамчу як доруи ҷонбахшост, Забонат безабононро чу доруи забонбахшост,
8 * Гурез, гузир.
Забони модариро дар забонат дидаам обод, Забони модариро кардаӣ дору чу як устод.
Сарамро мезанам ман бар дари ту, гар шавам сардард, Чу бикшоям даратро, чашм пўшад дар танам ҳар дард.
Табу тоби диламро хубтар аз ман ту медонӣ, Варо бар хештан маҳбубтар аз ман ту медонӣ.
Чи сон ман мекашидам дар ҷаҳон озори бехобӣ – Худамро мекашидам ҳар шабе бар дори бехобӣ, Ки чун рўҳи шифоям омадӣ ногаҳ ба хоби ман, Каломат гашт охир дар ҷаҳон доруи боби ман.
Биёӣ бо хавотир боз бар хоби шабам ҳар шаб, Ки бошӣ бохабар аз хобу аз тобу табам ҳар шаб, Ҳузурат ҳар шабам то субҳи заррин зинда медорад, Диламро ҳарфи ту чун муттако поянда медорад.
Сарамро мезанам ман бар дари ту, гар шавам сардард, Ки ҳарфат метавонад кушт дар ҷону танам ҳар дард.
Ба дард ояд дилам, мемонамаш бар рўи мизи ту, Дар ин дунё наметарсам фақат аз теғи тези ту.
Фариштаҳо
Фариштаҳо,
Фариштаҳо,
Шумо барои ман падидаи хаёл нестед, Шумо барои ман
Ба ғайри одамони поки дилзулол нестед.
Ҳамерасед ҳар шабе
Аз осмон ба хоби ман,
Ҳамешавед шоҳиди азоби ман, Ҳамечакад сиришкатон
Ба сафҳаи китоби ман.
Чу чашм боз мекунам,
Наед пеши ман,
Намонда низ пайкатон
Ба ҷуз ба ёди хаставу ба хотири пареши ман.
Фариштаҳо,
Фариштаҳо,
Шумо ба ғайри одамони пок нестед, Ки як замон
Зи дасти наҳс одамон
Дар осмон паноҳ ҷустаед,
Паноҳи Офтобу Моҳ ҷустаед…
Дареғҳо,
Дареғҳо,
Ки гоҳ-гоҳ
Зи дасти беситорагон
Ситораҳои хокро илоҷ нест
Ба ҷуз фариштаҳо шудан,
Ситораи само шудан…
Аз дилам бархост оҳи зиндагӣ.
Ё ки буд он худ гувоҳи зиндагӣ?
Раҳ дарозу умр эй бас кўтаҳ аст, Ёфтан душвор роҳи зиндагӣ.
Ҳусни рўи Моҳро ҳам карда кам Ин гузашти солу моҳи зиндагӣ.
Дорад эй бас расми каҷдорумарез, Ин чи донад каҷкулоҳи зиндагӣ.
Гар накардӣ зиндагӣ дар ин ҷаҳон, Нест ин ҳаргиз гуноҳи зиндагӣ.
Гар ту бо чашми накўяш бингарӣ, Нек монӣ дар нигоҳи зиндагӣ.
Пушти ҳар хоре чаро ҷустан паноҳ, Беҳ, ки бошӣ бепаноҳи зиндагӣ.
Мон, зи ҳар кўҳаш бимонад ҳайкале, Мон, равад барбод коҳи зиндагӣ!
Унвон
Барои Убайдулло Раҷаб
Пеши завқи баланди мардуми ман Қадрат эй бас баланд афтода.
Бин, ки пеши баландии қадрат Зумрае бекаланд афтода.
Завқи пасти баланд биншаста Нарасад бар баландии қадрат, Ман вале, пеши мардумат дида, Хушам аз бегазандии қадрат.
Нашавад ҳар ки дастгири ҳунар, Ў чу одам зи даст хоҳад шуд, Паст бинмуда ҳар ки қадри ҳунар, Маснадаш низ паст хоҳад шуд.
Аз ту чун бишнавам ҳикоятҳо, Ман ба ҳоли қалам ҳамехандам, Аз хушӣ не, бидор маъзурам, Он замон аз алам ҳамехандам.
Ман ба ҳоли қалам ҳамехандам – Қалам ин сон ҳикояте нанавишт, Одатӣ нест он ҳикоятҳо,
Ин қалам ғайри одатӣ нанавишт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё