Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Касеро дўшбораш ҳаст вазнин, Ки ўро бори ораш ҳаст вазнин.
Биёрад файзи афзун марди деҳқон, Агар бори сипораш ҳаст вазнин.
Шикорӣ бас сабук ояд ба хона, Агар бори шикораш ҳаст вазнин.
Бихандад боғ ҳам аз файзи худ шод, Агар шохи анораш ҳаст вазнин.
Ба дўши зиндагӣ бори сабук аст Ҳар он ки дўшбораш ҳаст вазнин.
Мепарад аз рўи амак як-ду даҳони амаке, Даъвии пухтагӣ кунад як ду-се хому тараке.
Ҷумла ба ақлу бо ҳунар гарчи пиёда будаанд, Ханда кунанд аз аблаҳӣ ҳам ба савори хараке.
Хоки сиёҳ нестанд, зеби кулоҳ нестанд, Ноз кунанд ҳар яке лек ба авҷи фалаке!
Ҳеҷ ки ношунидаанд арзи замони хешро, Рўз баранд дар ҷаҳон карда рақам арзаяке…
Сўфӣ, даҳрӣ ва Ҳофиз
Менозад он яке зи худи папка зери каш.
Он дигаре – ба ҷомаву дастору ришу фаш.
Ин аз Худову гўру қиёмат ба гуфтугў, Он – аз чаҳор унсури олам ба кашмакаш.
Аз панҷу шаш талаб кунад ин панҷ гаҳ намоз, Аз панҷу шаш талаб кунад он ранҷи рўзи шаш.
Ин гўяд: эй, ба чашмаи Кавсар умед банд!
Он гўяд: эй, зи чашмаи Варзоб як бичаш!
Шарму ҳаё ниёзи як аз ҷумла моҳрў, Илму амал ниёзи як аз ҷумла моҳваш…
Аз боби ҳарфи Ҳофизи Шероз бесамар Бо ҳам ба минбаре сара доранд кашмакаш.
«Ман нози ёр мекашам! – аз Ҳофиз ин садо Омад ба ҳарду,
- ҳар чи ту худ мекашӣ, бикаш!»
Боз шуд як субҳи содиқ Дидаи ҳайрони чашма,
Лаб-лабаш рўид майса
Сабз чун мижгони чашма.
Оби он гардид берун
Чун зи дил рози нуҳуфта, Сў ба сў бехуд равон шуд, Рози онро гуфта-гуфта.
Об рози чашмаро бурд
Ҷў ба ҷў, дарё ба дарё, Аз баҳорон дода пайғом Кў ба кў, дунё ба дунё.
Манзара
Айёми самар, ту гўӣ, ин дам Бар мазраи осмон расида, Дар шохаи абрҳои гардун Бин, меваи ахтарон расида.
Ду абр равона мисли одам Ин лаҳза зи Роҳи Каҳкашонаш, Аз шохаи абр чида-чида Чун меваи тоза ахтаронаш.
Турнаҳо
Сап-сафеду сабук чу абри ҳаво, Гаҳ пуровою гоҳ беово, Мешитобед ин қадар ба куҷо, Турнаҳо, турнаҳои бепарво?
Балки аз сардиҳо гурезонед, Гармие баҳри хеш ҷўёнед.
Турнаҳо, ин қадар ки зебоед, Чун парӣ гўиё парафшонед.
Мулки мо боз сард гашта агар, Дили мо аз бароятон гарм аст, Дили мо то баҳор баҳри шумо Ҳамчунон лонаҳоятон гарм аст.
Дили мо сард бод чун дами бод, Гар зи мо дидаед дилсардӣ, То баҳорон бароятон хоҳем Гармии беғамиву бедардӣ…
Сап-сафеду сабук чу абри ҳаво Бозгардед бар диёри мо, Болу парҳоятон баҷо бошад, Турнаҳо, турнаҳои бепарво.
Дар дили кўчакат чи гунҷида?
Дар дили кўчакат чи дарде ҳаст?
Гармиву сардие надида ҳанўз, Дар вуҷудат чи гарму сарде ҳаст?
Тифлаки безабон, чи мегирйӣ, Мекунӣ ғарқи хун дили зорам, Ашки ту шашқатор мерезад, Тоби ашки ту аз куҷо дорам?
Бо ғаму дардҳои қисмати хеш Кардаам гиря дар ҷаҳон бисёр, Бо яке гиряи аламнокат Гиряҳои маро макун такрор.
Ба дили ман агар надорӣ раҳм, Раҳм бинмо ба модарат, эй ҷон, Боз андар хаёлу хотири ман Модарамро макун зи нав гирён.
З-ашки ту нам кашида мекўчад, Тоб н-орад дилам ба ин намҳо…
Дардҳоят ба ҷон, макун гирён Пеши чашмам ту кўдакиямро.
Гунҷишки сафед
Барои Сайф Раҳим
Гунҷишки сафед хоб дидам, Гунҷишки сафеди хушпару бол, Гўё ки ҳамепарам ман аз пеш, Ў бол ҳамезанад зи дунбол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё