Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Дар вокзал
Дер кардам дами гусели ту,
Дуди поезд дар димоғам монд.
Шодии ман, ки буд аз рўят,
Рафт аз пуштату маро ғам монд.
Дуди поезд дар фазо печид
Ҳамчунон дуди оҳи ман дар дил.
Дуди поезд бар маконе рафт,
Дуди оҳи ман аст беманзил…
Мебарад бе ғаме туро поезд...
Дуди он нест, ки парешон аст,
Раҳ ба раҳ то макони худ бинӣ
Дуди оҳи маро, ки печон аст.
Орзўи хоб
Ман шабе чун орзўи хоб гум кардам туро.
Як саҳар бо рафтани маҳтоб гум кардам туро.
Омадӣ чун бодбоне дар назар, аммо ҳамон
Байни мавҷи дидаи пуроб гум кардам туро.
Ҷустамат аз осмон, эй ахтари пуртоби ман,
Боз чун як ахтари бетоб гум кардам туро.
Чун нарафтам аз пайи рангинкамони чашми ту,
Ҳамчу кони гавҳари ноёб гум кардам туро.
Модари тифли хаёлам будиву ғофил шудам,
Оқибат чун модари Суҳроб гум кардам туро…
Нурбор эй чароғи синаи ман,
Сўхтӣ беғамии ман яксар,
Лек бо дигаре чу бигзаштӣ,
Дили ман гашт мушти хокистар.
Як гули бехазони ман будӣ,
Дар дили ҳамчу дашт паҳноям,
Рафтӣ аммо ба хонаи гарме,
Гули гулдоние шудӣ бе ғам.
Руста будӣ ба мазраи дили ман,
Сар кашидӣ ба боғи бегона,
Аз хазонрези ишқат охир шуд
Дили бечора боғи вайрона.
Аз чи мурдобро писандидӣ,
Канда дилро зи баҳру уқёнус?
Будӣ ҳамсояи ману дили ман,
Сояи дигаре шудӣ, афсўс.
Кашфи ман будӣ, эй ситораи дур,
Шудаӣ лек раҳнамои дигар.
Ахтари ишқи ман будӣ, аммо
Дигаре аз ту гашт некахтар.
Зи ту ҳарчанд дилро дуртар бурдам,
Ғами ишқат ба дил наздиктар омад.
Хаёлат, гуфта будам, мебарам аз сар,
Вале умрам дар ин савдо ба сар омад.
Басо шабҳо ба ёди чини зулфат рафт,
Ки пурчин кард ғам охир ҷабинамро.
Парии ишқ бо теғи хаёлу ёд
Ба ёдат кушт деви қаҳру кинамро.
Ба роҳи ҷустуҷўят ин дили ошиқ
Ҳазорон барзани ёди маро тай кард,
Зи садҳо пуштаи ёду алам бигзашт,
Маро то бар ҷаҳони шеъри ман овард.
Туро дар ин ҷаҳон дарёфтам аз нав,
Ту будӣ, пок будӣ, бегунаҳ будӣ,
Ба сўям боз беғаш хандаҳо кардӣ,
Зи роҳи меҳр боз оғўш бикшудӣ.
Дилам ҳам шод гашту ҳам малолангез,
Бигуфтам: чун будӣ танҳо дар ин барзан?
Нагуфтам: ҳар раҳеро низ поёнест,
Нагуфтам: то куҷо бигрехтӣ аз ман?
Валекин ғайб зад андоми поки ту
Дар ин ҳангом аз чашми пури обам,
Хаёлам аз самоҳо бар сарам омад,
Бидидам: чашм бар рухсори маҳтобам.
Забонам лол буду хома бишкаста,
Варақҳо ҳамчу нопайдокарон даште…
Фақат як сатр рўи дафтарам пайдо:
«Туро ҳарчанд куштам, зиндатар гаштӣ».
Кош як дилсода ошиқ мешудӣ.
Кош бо ман дилмувофиқ мешудӣ.
Сўзи дилро дарк мекардӣ чу дил,
Ишқи дилро кош лоиқ мешудӣ.
Халқро аз ишқ қадри дил фузуд,
Кош як тан з-ин халоиқ мешудӣ.
Шоиқи бемисли дунё мешудам,
Гар туям дар ишқ шоиқ мешудӣ.
Метапад то дил, дуоят мекунам:
Лаҳзае эй кош ошиқ мешудӣ…
То даме ишқи ту оинам набуд,
Ёде аз Фарҳоду Ширинам набуд.
Гарчи медонистам испеду сиёҳ,
Ин ду чашмони ҷаҳонбинам набуд.
Гоҳ бехуд будаму гоҳе бахуд,
Ин парешониву тамкинам набуд.
Он қадар, эй моҳ, бепарво будам,
Огаҳӣ аз Моҳу Парвинам набуд.
То бидидам қиблаи рўи туро,
Буд гўё динаву динам набуд.
Дина ман як содаи гулчин будам,
Дар ҷабин як ҷўяи чинам набуд.
Кош Хусрав будам андар ишқи ту -
Ҷуз ғаму ҷуз дарди ширинам набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё