Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баъзан Низом Қосим мавзўъҳои хеле зиёдро дар як шеър фаро мегирад. Шеъри ў дар ин мавридҳо хеле пурбор мегардад. Шеъри «Ҷангал» намунаи чунин шеърҳост. Дар баробари тасвири табиат, ягонагии ў бо инсон, масъалаҳое мисли тозагии шахсият, мазаммати сифатҳои носозгор, покии бунёд ва забони инсон мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.
Низом тарзи гуфтори худ, ифодаҳои хоси худро дорад ва дар шеъри ў гароиш ҳам ба сабки хуросонӣ ва ҳам ба сабки ҳиндиро мебинем.
Сарам вазнин чу сарбор аст бе ту,
Раги гардан маро дор аст бе ту,
Садои дил малолангезу дилгир
Чу даркўбии такрор аст бе ту.
Ҳама ғарқидаи баҳранду дарё,
Манам ғарқидаи як шабнами ишқ.
Низом шоири ҳолатҳост ва ин ҳолатҳои зиндагиву инсонӣ дар дубайтиҳои ў латифу шоирона таҷассум меёбанд:
Чи бар дорад дарахти интизорӣ –
Ҳазорон бехудиву беқарорӣ.
Қарору сабр аз ҳар шохаи он
Парида ҳамчу мурғони фирорӣ.
Зи як бадрашк ашки дона монда,
Зи як паймоншикан паймона монда,
Зи ту он қадр монда ёди ширин,
Ки дар ҷону дили ман ҷо намонда.
Оҳангҳои иҷтимоӣ, танқиди нуқсонҳои замон, костагиҳои давр, фошсозии мансабдорони худхоҳу порахор яке аз риштаҳои мустаҳками шеъри Низом аст, ки ба тариқи хоси ў дар шеъраш зуҳур кардааст. Ин ҷо ў рўирост, бе истиҳола ва оштинопазирона сухан мегўяд.
Шуд тахтаи кишвар ҳамагӣ курсии мансаб, Бар курсии мактаб нарасад тахтаи кишвар.
Фарёднарас буда басо ин ҳама, гўӣ,
Дар гўши ҳаминҳост ҳама пахтаи кишвар.
Як марҳилаи таърихӣ ва зуҳуроти шигифтангези замон дар ин як байт ифода меёбад:
Ҳамегуфтам, ки аз масҷид садои пир меояд, Дареғи ман, надонистам, ки бонги тир меояд!
Нолаҳои ҷонгудози шоир аз рўзгори ҷанги бародаркуш нолаи мардуми гирифтори мост. Ниёишҳову нолаҳои ў аз он муҳити шум хеле ҷонсўз садо доданд:
Иди Қурбон шуд,
Ҳама хун карданд,
Маро чизе набуд,
Диламро хун кардам…
Ҳақиқати он рўзгор чунин буд:
Ин ғам ба ягон марсияте нанвишта,
Деҳқони ту куштаву замин нокишта,
Монандаи мазраҳои нокиштаи хеш
Дар ҳасрати обу донӣ, эй кишвари ман.
Шоир зангўлаи фарёд мезанад, то мардум ба худ биёянд:
Вой-войи мо чу ношукрии мо аз ҳад гузашт, Ин замон ҷуз ҳой-ҳой оҳангамон дигар намонд, Ҳоли моро кард охир танг тангии назар, Ҷуз дили дар худ фурўву тангамон дигар намонд.
Мавқеи инсонии Низом дар пешорўи даҳшатҳои ҷанги бародаркуш хеле қавӣ, доваронаву ҳақиқатбинона аст. Ў барои наслҳои оянда бо ин шеърҳо ҳам ин марҳилаи нанговари тақдири халқи моро тасвири мондагор медиҳад ва ҳам ин шеърҳо ҳушдор барои ояндагонанд, ки ҷанг чӣ оқибатҳо метавонад дошта бошад.
Ҳушдори ў он аст, ки инсон бояд дар ҳамаи ҳолатҳо рисолати инсонии худро аз ёд набарад.
Сайри кайҳон карда кайҳо дигарон бозомаданд, Он мабодо ҳасрати мо ҳам зи кайҳон бигзарад.
Низом дар баёни андешаҳо ҳам аз усулҳои модерни шеъри нав истифода мекунад, ҳам аз усулҳои суннатӣ. Дар ин маврид шеъри ў аз доираи танги ифодаву баён убур мекунад:
Ҳаҷр ҷон кандан бувад, гар ёр матлуби дил аст, Марг мушкилтар шавад, гар умр осон бигзарад.
Шеъри Низом, ба таъбири худаш, «барги саломи сабз» аст. Ў дар ҳар шеър ҳадафе дорад: ҳадафи волои инсонӣ, ҳадафи ватандўстӣ, худшиносӣ, раҳнамоӣ ба сўи хубиҳо, хайрхоҳӣ ва ҳадафи волои муҳаббат. Яъне шеъри бе бор нест, балки хеле пурбор ва баъзан аз ҳад пурбор аст. Дар ҳар шеъри худ Низом ҳама андеша, эҳсос, муҳаббати худро ба роҳ меандозад. Дар баъзе мавридҳо шеъри ў беш аз шеър аст, яъне раҳнамо, дастурест, ки бо изтиробу эҳсосот гуфта шудааст.

пешина
аз 235
навбатӣ