Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Меҳрубонист чу бар қотилатон ҳар нафрин, Қотилонро чи бигўям, ки биёбам таскин?
Носазое ба ҷаҳон ку, ки сазошон бошад?
Марги чуншон талабам, то ки ҷазошон бошад?
Эй Ватан, тарси ман он аст, ки н-оӣ бар хеш, Тифлакони ту бимиранд ба пешат пасу пеш, Тифлаконро кушиву модари танҳо монӣ, Бе ватандор ту дар байни ватанҳо монӣ…
Ҷону дили пок, симои зебо, Овоза – афзун, овоз – шево, Дилҳои ташна, туғёни дарё, Пайванди дирўз, уммеди фардо – Кароматулло.
Сўзи дилатро сад соз кардӣ, Худро ба сад дил ҳамроз кардӣ, Бар гўши ҷонҳо овоз кардӣ; Ҳамрози дилҳо, анбози ҷонҳо – Кароматулло.
Гуфтем: чанде бо ту биболем, Бингар, ки бе ту мо дар чи ҳолем, Бар худ бигирйем, бар худ бинолем Дар мотами ту, эй базморо – Кароматулло.
Дарди дили мо зўр аст, зўр аст, Наздикии мо дур аст, дур аст, Чашми дили мо кўр аст, кўр аст, Бар мо нигаҳ кун, эй чашми бино – Кароматулло.
Дар сина барф аст, дар дида борон, Гўр аст обод, мулк аст вайрон, Юсуф наояд дигар ба Канъон…
Бар мо дареғо, бар мо дареғо, Кароматулло.
Моро, кӣ гуфтат, тиру камон деҳ, Бар мо ту моро боре нишон деҳ, Аз мо ту моро умре амон деҳ…
Дасти дуое, Парвардигоро!
Кароматулло…
Дун бешумор аст дар рўи дунё, Дил ғарқи хун аст, чашм – ашкполо, Хуниндилонем, эй марди хунё, 1992, 1996, 1998


Войи дили мо, войи дили мо – Кароматулло,
Кароматулло,
Кароматулло…
Марсияи Хуршед
Хуршед монда буд номаш чу модарам, Хуршед менамуд умре бародарам.
Ё раб, чи сарнавишт, ё раб, чи сон қазост – Хуршеди модарам биншасту барнахост.
Дидам, ки тунду тез сўи само парид, Дидам, ки бар уфуқ хуни дилаш чакид.
Аз хуни поки ў шуд уфқ арғувон, Дар ёди чеҳрааш шуд ашки ман равон.
Гуфтам, ки во дареғ аз обу аз гилам, Хуршеди ман нишаст, торик шуд дилам…
Ашкам фурў чакид, кардам яке назар, Дидам: бувад ба арш хуршед шуълавар.
Гуфтам: бародарам раҳ бурда то само, Хуршеди мо шуда хуршеди бефано.


Сарпарастӣ гар наметонем, саркўбӣ чаро?
Хубӣ аз мо гар наояд, ҷумла нохубӣ чаро?
Мард кардан кай тавонад лофҳо номардро, Нестӣ сарбоз агар, ин ханҷари чўбӣ чаро?
Модари тоҷик, ҳамҷинсат ба кайҳон бурда раҳ, Роҳҷўӣ боядат, як умр раҳрўбӣ чаро?
Қадри сарви қадди ёру қадри сарви боғи хеш Гар намедонем, дигар ҳасрати тўбӣ чаро?
Ин ҳама дармондагӣ дар хеш ҷуз аз хеш нест, Пас намебошем зидди хеш ошўбӣ чаро?!
Аввалу охир
Будаам бо душманам ҳамҷом ҳам, Гаштаам бо раҳзанам ҳамгом ҳам.
Солҳо дар сайдгоҳи зиндагӣ Сайд ҳам ман буда, дону дом ҳам.
Пухтагиро сир надонистам, ки чист, Сўхтам умреву мондам хом ҳам.
Содадил аз бахти тундам карда рам, Ончунонаш сода гаштам ром ҳам.
Пастакон аз хештан боло шуданд, Ман ҳамон мондам ба рўи бом ҳам.
Кори нангу ном кардам солҳо, Дур аз даъвии нангу ном ҳам.
Рафтаам бар коми дил пайваста роҳ, Барои Ҷамшед
Мондаам дар коми ғам ноком ҳам.
Рўди рўву таҳ хамўшу пурхурўш Чун ман аст – ошуфта ҳам, ором ҳам.
Қисматамро аввалу охир як аст – Гиря аст оғоз ҳам, анҷом ҳам.


Дар даҳр, ки роҳ то ҳақиқат дур аст, Ҳар кас нарасид то ба он, маъзур аст, Афсўс, ки ҳар ки ҳақ бигўяд, гунг аст, Афсўс, ки ҳар ки ҳақ бубинад, кўр аст.
Дар раҳи парвоз
Зиндагӣ сахт аст, Хизро, зиндагӣ аз сар магир, Киштии анвар мабахшо, киштаи бебар магир.

пешина
аз 235
навбатӣ