Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Андар ин боғ, ки дӣ баргу наво дошт фузун,
Бенаво ман, ки чу як барги хазон танҳоям.
Наҷмаму наҷми фузун боз ба паҳлў дорам,
Дар аён бо ҳамаам, лек ниҳон танҳоям.
Гарчи дар гўшаму ангушт, мадон хушрўзам,
Ҳамчу як зарра зари канда зи кон танҳоям.
Кас надонад, ки чи сону ба куҷо афканадам,
Тираму дар дили бедарди камон танҳоям.
Ғуссаҳо бешумару тезтар аз дандонанд,
Чун забонам ману дар ҳабси даҳон танҳоям.
Лоуболона фишонад абад аз ман доман,
Ҳамчу як лаҳза ба саҳрои замон танҳоям.
Барфи пирӣ ба дилам рехтаву сарддилам,
Нигарон аз паси он умри ҷавон танҳоям.
Ҳоли ман бин ту дар ин олами берўҳ чунин:
Дар тани хаставу афгор чу ҷон танҳоям.
Аҳли маҳфил баҳаманд ин даму фориғ зи ғаманд,
Ман чу он сўхтадил шамъи миён танҳоям.
Айб дар ҷумла касон нест, касон маъзуранд,
Айб дар банда, ки бо ҷумла касон танҳоям.


Бодаконе боданўшӣ мекунанд,
Сустаконе сахткўшӣ мекунанд.
Беғамоне ҷумларо ғам медиҳанд,
Нокасоне касфурўшӣ мекунанд.
Зиндагиро карда урён беибо,
Боз ҷамъе айбпўшӣ мекунанд.
Ваъда бар фардо дамодам медиҳанд,
Боз фардо кори дўшӣ мекунанд.
Бехи давлат – зумрае бехештан
Пеши мардум бехгўшӣ мекунанд.
Хомришу хомкешанд, эй дареғ,
Баски умре хомнўшӣ мекунанд.
Давраи мўшон расида, во аҷаб,
Гурбаҳо даъвои мўшӣ мекунанд.
Ҳайрат аз он аст, дар ин гирудор
Пухтаҳое хомҷўшӣ мекунанд.


Дидаам бисёр, эй деҳқон, баҳорони туро,
Дидаи тарсанда аз барқу зи борони туро.
Мешавам пешат пиёда ман зи пои хеш ҳам,
Бар сарат ҳар гоҳ мебинам саворони туро.
Сархам ин ҷо як туиву каллаҷунбон бешумор,
Мешиносам аз ту беҳ ин каллахорони туро.
Рўи дилҳошон, бубин, рўида унвону нишон,
Ҷумла аз туст ин надодатанбакорони туро.
Доштӣ ғамҳои пахта, дошт беғам зумрае
Зери сар он пахтаҳо – болишти форони туро.
Ҳасрате дорам, ки зери офтоби ҷонгудоз
Пухтазороне бубинам пахтазорони туро...
Абраки борон
Духтари деҳқона бин,
Посашу пурсаш зи туст.
Ҷониби ҳафт осмон
Дидаи тарсаш зи туст.
Абраки борон, маё,
Гиряи нав сар макун,
Аз дари чашмаш бирав,
Чашми варо тар макун.
Пуштаи ҳар қитъааш
Паст шуда аз каланд,
Пуштасифат бин кунун
Пуштаи пушташ баланд.
Мениҳад ў бехи гўш
Кўраки бишкуфтаро,
Ҳаст ҳамин гўшвор
Баҳраи ў аз тило.
Ҳаст дар ангушти ў
Обила ангуштарин,
Ҳар нафасе хун кунад
Тоза зи лаълаш нигин.
Пахтаи бишкуфта шуд
Чеҳраи бишкуфтааш,
Абраки борон, туӣ
Хотири ошуфтааш.
Чеҳраи ўро мапўш
Аз нигаҳи офтоб,
Ашк марезу макун
Дидаи ўро пуроб.
Сўи биёбон бирав,
Гиряат ояд агар,
Боз биё, чун туро
Ашк намонад дигар.
Боз биё бе сиришк,
Боз биё ногумон,
Мисли яке соябон
Бар сари сабзаш бимон.
Гиряат ояд зи нав,
Боз дигар сў гурез,
Ҷои дигар бору бор,
Ҷои дигар резу рез.
Гиряат ояд, бирав,
Бар сари шаҳрӣ бибор,
Чатр надорад, бубин,
Духтараки пахтакор.
Хоб
Ба ёди Лутфулло Бузургзода
Хоб дидам, ки омадӣ аз ҷанг,
Тану ҷонат ҳама ҷароҳат дошт,
Лол будӣ, ки дур аз майдон
Зумрае беғамона роҳат дошт.
Дидӣ: андар баҳои ҷон чанде
Моли бозор карда имонро,
Касфурўшон чу асли худ арзон
Мефурўшанд пурбаҳоёнро.
То ту ғолиб шудӣ ба қимати ҷон,
То ту ғолиб шудӣ ба хуни ҷигар,
Зумрае бо силоҳи фанду фиреб
Карда мағлуб халқро яксар.

пешина
аз 235
навбатӣ