Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм

Н. М. Сайфуллоев, Ю.В. Ивлев

ПЕШГУФТОР

Китоби мазкур баёни мураттаби курси мантиқи шаклӣ мебошад, ки барои донишҷўёни бахши гуманитарии мактабҳои олӣ, ҳамчун китоби дарсӣ пешниҳод мешавад. Хусусияти ин китоб дар он аст, ки ҳамаи мавзўъҳо мувофиқи барномаи таълимӣ дарҷ ёфтаанд. Азбаски илми мантиқ роҳҳои дурусти муҳокимаронӣ ва тафаккури саҳеҳро меомўзад, табиист, ки ҳар фарди равшанфикр аз донистани ин илм бояд бархўрдор бошад. Масалан, яке аз омилҳои самараноки ҷараёни таълим баёни равшани фикр ва далелнокии муҳокимаю мулоҳизаҳо мебошад. Сифатҳои мазкури тафаккур, дар ҳар як соҳаи фаъолияти илмию амалӣ, аз ҷумла кори омўзгорону ҳуқуқшиносон, ки муҳокимаронии асосноки хулосаҳоро тақозо менамоянд, аҳамияти калон дорад. Барои возеҳият, мунтазамӣ ва далелнокии баён омўзгор ё ҳуқуқшинос ногузир аз қонуну қавоиди мантиқ, ва усулу амалҳои он истифода мебарад.
Ҳамин тариқ, донистани қонуну қоидаҳои мантиқ шарти зарурии баланд бардоштани маданияти фикрии омўзгорону ҳуқуқшиносон мебошад. Бояд кайд кард, ки омўхтани фанни мантиқ барои донишҷўёни факултаҳои таъриху рўзноманигорӣ ва ҳуқуқшиносии донишгоҳҳо ҳатмист. Илова бар ин, мантиқ на танҳо дар соҳаи гуманитарӣ, балки дар илм ва техникаи муосир низ бағоят калон буда, дар бунёди мошинҳои электронии ҳисоббарор, дар иқтисодиёт ва монанди инҳо васеъ истифода мешавад.
Дониши мантиқӣ қисми таркибии маълумоти ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Мантиқ имконият медиҳад, ки суд ё муфаттиш фарзияю тахминҳо ва нақшаҳои тафтиши ҷиноятро дуруст тартиб диҳад. Инчунин, ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмӣ: протоколи пурсишу азназаргузаронӣ, айбнома, қарору гузоришҳо мантиқ нақши бузургро мебозад.
Ҳуқуқшиносони машҳур мантиқро хуб медонистанд ва дар фаъолияти худ онро ҳаматарафа истифода мебурданд. Масалан, дар мурофиаҳои судӣ онҳо на фақат нисбат ба далелҳои суд ё шоҳидон розӣ намешуданд, балки хатоҳои мантиқиро низ ошкор мекарданд, ки он ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ бетаъсир намемонд.

аз 262
навбатӣ