Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Мантиқ на танҳо имрўз, баки дар давраҳои қадим низ қисми ҷудошавандаи илмҳо будааст. Аз ин рў, олимон ва мутафаккирони қадим ба ин илм таваҷҷўҳи хоса зоҳир кардаанд. Бузургтарин мантиқшиноси халқи тоҷик Абўалӣ ибни Сино дар асарҳои худ мантиқро мавриди таҳқиқу барра1сӣ қарор додаст. Ў дар мукаммалтарин асари энсиклопедии хеш «Китоб ушшифо» гуфтааст, ки мантиқ барои дарки илмҳо баҳтарин восита мебошад.
Дар «Мантиқ-ул-машриқийин», «Донишнома», «Наҷот», «Ишорот ва танбеҳот», «Ҳидоя» ва дигар асарҳояш мантиқро «тарозуи илмҳо», ё худ «илми олӣ номидааст». Ба ақидаи Ибни Сино мантиқ, «илмест, ки тарзи донистани ашёро нишон медиҳад».
Илова бар ин, таъкид кардааст, ки манфиати илми мантиқ - эмин доштани тарзи фикрронӣ аз содир кардани хато дар идроки маонӣ ва тарзи дуруст тасаввур кардани он аст. Мантиқ тавассути қавоиди таърифи дуруст, тавофутгузорӣ байни нишонаҳои зотӣ ва аразӣ, он чи моҳияти ашёро устувор месозад ва он чӣ, ки устувор намесозад, сурат мегирад.
Дар ҷои дигар Шайхурраис иброз намудааст, ки аҳамияти илми мантиқ фақат ёрирасон будани зеҳн дар маърифати ду чиз аст ва чунон аст, ки инсон бояд донад, чигуна қавл мавқеи тасаввурро гирад, то ҳақиқати зоти чизро донад ва чигуна бояд ба он далолат кунад, дар акси ҳол ў ба ҳақиқати зоти хеш расида наметавонад. Ҳар кас бояд донад,ки чӣ гуна хато кардааст.
Шахсе, ки илми мантиқро медонад, бояд кўшиш ба харҷ диҳад, ки амалаш аз рўи қонунну қоидаҳои илми мазкур сурат гирад.
Муаллифони китоб кўшидаанд, ки бисёр душвориҳое, ки ҳангоми таълими мантиқ ба миён меоянд, бартараф намоянд. Ба ин мақсад баёни аксари мавзўҳои мантиқ дар асоси усулҳои мантиқи муосир сурат гирифтааст. Аз ҳамин ҷиҳат ин рисола аз китобҳои дарсии қаблӣ фарқ мекунад.
Хусусияти китоб аз он иборат аст, ки дар он мафҳумҳои асосии илми ҳуқуқшиносӣ муайян шуда, аз соҳаҳои гуногуни илми ҳуқуқшиносӣ машқу мисолҳои зиёде гирдоварӣ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, китоб барои донишҷуёни ҳуқуқшинос ва ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ судманд мебошад.
Дар охири ҳар як фасл ё боб машқу мисолҳое оварда шудааст, ки ҳалли онҳо барои баланд бардоштани малакаи мантиқии донишҷўён кўмак мерасонад. Бинобар ин, китоби мазкур, аз як тараф китоби дарсӣ бошад, аз тарафи дигар, иҷрои вазифаи маҷмўаи машқу мисолҳоро низ дар бар гирифтааст. Дар китоб тарзи ҳалли баъзе машқу мисолҳо низ нишон дода шудааст.
Китоб махсус барои донишҷўёни равиши гуманитарии донишгоҳҳо иншо шудааст. Азбаски барои донишҷўёни ихтисоси ғайригуманитарии донишгоҳҳо китоби мантиқ нест, онҳо низ метавонанд аз ин китоб истифода намоянд.

пешина
аз 262
навбатӣ