Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар маънои дуюм (яъне мунфасилаи қатъӣ) бо аломати V ишора мешавад. Аз ин рў, ҳукмҳои мунфасиларо дизъюнктивӣ низ меноманд. Баъзан ба ҷои мунфасилаи қатъӣ, дизъюнктивии қатъӣ ва ба ҷои мунфасилаи ғайриқатъӣ дизюнксияи ғайриқатъиро истифода мебаранд. Ҷадвали дизъюнксияи қатъӣ чунин аст:

A B AVB
ҳ ҳ д
ҳ д ҳ
д ҳ ҳ
д д д

Абўалӣ Сино низ ҳар ду маънои пайвандаки «ё»-ро дар ҳукмҳои мунфасила фарқ кардааст. Ў мунфасилаи қатъиро – мунфасилаи ҳақиқӣ ва мунфасилаи ғайриқатъиро – мунфасилаи ғайриҳақиқӣ номидааст. Дар «Донишнома» гуфтааст: «Мунфасил ба ҳақиқат он бувад, ки гўӣ: «Ин шумор ба он шумор ё баробар бувад, ё кам, ё беш». Дар китоби дигараш «Ишорот ва танбеҳот» мунфасили ҳақиқӣ ва ғайриҳақиқиро чунин баён намудааст: «Ва аз мунфасилот баъзе ҳақиқӣ аст ва ин қисм он аст,ки мақсуд ба лафзи «иммо» он бошад, ки кор холӣ набошад, аз яке аз ақсоми мазкур ба ҳеҷ ҳол, балки яке аз ақсом мавҷуд бошаду бас. Ва бошад, ки инфисол ду ҷузъ бошад, ва бошад, ки то бештар бувад ва бошад, ки дар ҳаср наёяд.
Ва баъзе аз вай «ғайриҳақиқӣ» аст.
Қазияҳои шартӣ. Қазияе, ки аз ду ё якчанд қазияи сода тавассути пайвандаки мантиқии «агар …, он гоҳ…» ҳосил мешавад, қазияи шартӣ ном дорад.
Барои хубтар омўхтани қазияи шартӣ донистани моҳияти шартҳои зарурӣ ва кифоягӣ лозим меояд. Шарти зарурии ягон воқеа гуфта, чунин шароитеро меноманд,ки ҳангоми набудани он воқеаи мазкур рўй намедиҳад. Масалан, шарти зарурии пайдоиш ва мавҷудияти ҳайвонҳои олиташкил дар замин –вуҷуд доштани атмосфера мебошад, зеро агар атмосфера намебуд, пас ҳайёт низ ба вуҷуд намеомад.
Шарти кифоягии ягон воқеа гуфта, шароитеро меноманд, ки ҳангоми вуҷуд доштани он, воқеаи мазкур низ рўй медиҳад. Масалан барои тар шудани бом боридани борон кифоя аст.
Шартҳое ҳастанд, ки барои рўй додани ягон воқеа «кифоя бошанд, лекин ғайризарурӣ», «зарурӣ бошанд, лекин нокифоя» ва «ҳам заруру ҳам кифоя».

пешина
аз 262
навбатӣ