Мантиқ

- Ҷавоб бояд номуайянии саволро кам карда маълумоти зиёдтар дошта бошад.
- Ҳангоми саволгузории мантиқан нодуруст, ҷавоб бояд ҳаминро ба инобат гирад.
§9. Меъёр (норма)
Одатан меъёр ё нормаҳоро дар чунин мавридҳо истифода мебаранд, ки агар кас ягон кор ё амалро ҳатман, бе чуну чаро иҷро мекарда бошад (ё аз иҷро намудани ягон амалиёт худдорӣ кунад). Баъзан иҷрои амалиёти муайян барои баъзеҳо иҷозат дода мешавад, барои баъзеҳои дигар, иҷрои амалиёти мазкур манъ аст, ё ин ки баъзеҳо аз амалиёт худдорӣ мекунанд.
Дар чунин ҳолатҳо, мо бо меъёрҳо кордор ҳастем.
Ҳукмҳои зерин, барои ҷумлаҳое, ки меъёрҳоро ифода мекунанд, мисол шуда метавонанд: «Шаҳрванди Тоҷикистон дар куҷое, ки бошад, хоҳ дар Тоҷикистон ва хоҳ дар хориҷа, бе чуну чаро, бояд қонунҳои ҷумҳуриро риоя кунад»; «Тарғиботи ҷанг манъ аст». Вобаста аз матн ҷумлаи муайян метавонад дар як ҳолат меъёрро ифода намояд, дар ҳолати дигар - ҳукм дар бораи меъёр бошад. Барои мисол муҳокимаронии зеринро аз назар мегузаронем:
Шаҳрванди Тоҷикистон дар куҷое, ки бошад, хоҳ дар Тоҷикистон ва хоҳ дар хориҷа, бе чуну чаро, ҳатман бояд қонунҳои ҷумҳуриро риоя кунад; Аҳмадов шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Пас, Аҳмадов дар куҷое, ки бошад, хоҳ дар Тоҷикистон ва хоҳ дар ҳориҷа, бе чуну чаро, ҳатман бояд қонунҳои ҷумҳуриро риоя намояд.
Чӣ хеле ки мебинем, ҷумлаи якўм ҳукм дар бораи меъёр мебошад.
Вайро ин тавр таъбир намудан мумкин аст: «Мувофиқи Конститутсия шаҳрванди Тоҷикистон дар куҷое, ки бошад, хоҳ дар Тоҷикистон ва хоҳ дар ҳориҷа, бе чуну чаро, ҳатман бояд қонунҳои ҷумҳуриро риоя кунад». Ё худ «Мақомоти қонунбарор муқарар кардааст ва бекор накардааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳар ҷое, ки бошад, хоҳ дар Тоҷикистон ва хоҳ дар ҳориҷи он, бе чуну чаро, ҳатман бояд қонунҳои ҷумҳуриро риоя кунад»
Тасдиқ дар бораи меъёрҳо ҳукм буда, вай ҳамчун фикри ҳақ ё дурўғ тавсиф мешавад.
Акнун меъёри кодекс «Тарғиботи ҷанг манъ аст»-ро таҳлил менамоем, ки он ҳақ аст ё не. Меъёри мазкур вобаста ба он ки бо воқеияти объективӣ мувофиқ аст ё не ҳақ ё дуруғ буда наметавонад. Пас, саволе ба миён меояд, ки муносибати меъёрҳо ба воқеияти иҷтимоӣ чӣ гуна аст, оё онҳо «сурати воқеият» шуда метавонанд ё не? Барои ҷавоб ба саволи мувофиқ омадан ё мувофиқ наомадани «сурати воқеият» ба меъёрҳо, мо бояд аниқ намеоем, ки дар меъёр сухан дар бораи кадом объект меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё