Мантиқ

Аз ин рў, натиҷагирӣ яке аз шаклҳои муҳимтарини инкишофи раванди маърифат ба шумор меравад.
Натиҷагириҳо ду навъ мебошанд: дедуктивӣ (истинбот) ва индуктивӣ (истиқроъ). Истилоҳи «натиҷагириҳои дедуктивӣ» аз калимаи лотинии «deductio» (баровардани чизе аз чизе) ба вуҷуд омадааст. Истилоҳи «индуктивӣ» низ аз калимаи лотинии «inductiо» (оварда расондани чизе бо чизе) пайдо шудааст. Ҳангоми натиҷагирии дедуктивӣ, агар аз фикрҳои маълум фикри дигар бароварда шавад, натиҷагирии индуктивӣ касро ба фикре равона мекунад, ки дараҷаи эҳтимолияташ на он қадар боварибахш аст.
Моҳияти натиҷагирии дедуктивиро баровардани ҳукм аз ҳукмҳои дигар ташкил медиҳад, ки ин амал, дар асоси ба назар гирифтани хусусиятҳои шакли мантиқии муқаддимаҳо ва натиҷа, сурат мегирад. Дар натиҷагирии дедуктивӣ муносибати байни муқаддимаҳо ва натиҷа бояд тавре бошад, ки натиҷа ҳамеша хулосаи мантиқии ҷараёни натиҷагириро ифода намояд. Ба ин маънӣ, робитаи байни муқаддимаҳо ва натиҷа қонуни мантиқ мебошад.
Ибни Сино, қиёсро, ки ба истилоҳи имрўзаи мантиқ натиҷагирии дедуктивӣ меноманд, пурра ва амиқ таҳқиқ кардааст. Дар таъбири мантиқшиноси бузурги тоҷик, натиҷагирии дедуктивӣ ё қиёс, гуфторест, ки аз якчанд гуфтор таркиб ёфтааст ва ҳар гоҳ, ки он гуфторҳо пазируфта шаванд, аз онҳо зотан гуфтори дигаре бармеояд. Масалан, «Ҳар ҷисме тағйирёбанда аст» ва «Ҳар тағйирёбандае ҳодис мебошад». Аз ин муқаддимаҳо, мегўяд Ибни Сино, натиҷаи зерин бармеояд: «Ҳар ҷисме ҳодис аст». Чӣ хеле, ки мебинем, гуфтори «Ҳар ҷисме ҳодис аст» натиҷаи мантиқии муқаддимаҳои мазкур мебошад. Ибни Сино таъкид намудааст, ки дар натиҷагирии дуруст робитаи байни натиҷаю муқаддима бояд робитаи зарурӣ бошад. Агар бо ибораи дигар гўем: Ҳар боре, ки муқаддима гуфтори ҳақ бошад, натиҷа ҳам ҳақ мешавад.
Аз рўи характери натиҷагирӣ натиҷагириҳо ба натиҷагириҳои мантиқан зарурӣ (дедуктивӣ), эҳтимолӣ (индуктивӣ ва тамсил) ҷудо мешаванд. Натиҷагириҳое, ки дар онҳо аз муқаддимаҳои ҳақ натиҷаи дурўғ барнамеояд, натиҷагирии мантиқан зарурӣ ё ки дедуктивӣ ном дорад.
Дар натиҷагирии дедуктивӣ муқаддимаҳо ҳукмҳои куллӣ буда натиҷа куллӣ ё ҷузъӣ мешавад.
Масалан: «Агар ҳамаи металлҳо унсурҳои кимиёвӣ бошанд, пас мис ҳам элементи кимиёвӣ аст, чунки вай металл мебошад».
Зарурияти баромадани натиҷа, аз қоидаҳои натиҷагириҳо низ вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё