Мантиқ

Дар ин ҳолатҳо асос бояд барои гирифтани натиҷаи ҳақ кофӣ бошад.
Агар талаботи принсипи асоси кофӣ риоя нашавад, мегўянд, ки ҳукми асоснокшаванда бедалел ё беасос аст.
Таҷрибаи тамоми инсоният, ки дар қонунҳо, аксиомаҳо ва нуқтаю принсипҳои илм акс ёфтаанд, низ барои тасдиқи фикрҳо кофианд.
Ҳамин тариқ, ба талаботи принсипҳои мантиқи шаклӣ риоя кардан, яке аз шартҳои асосии тафаккури дуруст ва мантиқияти муҳокима мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи талаботи принсипҳои мазкур фикрҳои мо муайяну возеҳ, мунтазаму пай дар ҳам ва асоснок мегарданд.
§ 5. Мавқеи илми мантиқ дар методологияи маърифати илмӣ
Илми мантиқ ҳангоми маърифати илмӣ вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Яке аз вазифаҳои асосии илми мантиқ ҷиҳати методологии он аст.
Пеш аз баёни функсияи методологии мантиқ зарур аст, ки ба маҳуми методология шинос шавем Калимаи «методология» (услубшиносӣ) аз ду калима «метод» ва «логия» таркиб ёфтааст. Маънои калимаи «логия» – таълимот мебошад. Пас, методология – таълимот дар бораи метод (усул) аст. Мо дар ин ҷо мафҳуми методро пешакӣ аниқ накарда, таърифи методологияро меорем. 1) Методология низоми воситаҳои идеалии маърифат ва дигаргунсозии
1 воқеият мебошад; 2) Методология таълимот дар бораи воситаҳои идеалии маърифат ва дигаргунсозии воқеият аст.
Аз ин таърифҳо маълум мешавад, ки мафҳуми методология ду хел баён шудааст. Чунин баён шудани мафҳумҳои илмӣ зуҳуроти муқаррарист, ки онро дар таърифи илми мантиқ ҳам мушоҳида кардан мумкин мебошад.
Масалан, агар илми мантиқ аз як ҷиҳат қонуниятҳои махсуси робитаву инкишофи фикрро омўзад, аз тарафи дигар, вай илм дар бораи қонуниятҳои робитаву инкишофи фикр аст.
Муҳимтарин воситаи идеалии маърифат ва дигаргунсозии воқеият (васоити методологӣ)-ро принсипҳо ва усулу қоидаҳо ташкил медиҳанд.
Байни принсипҳои методологӣ ва мафкуравӣ тавофут вуҷуд дорад. Барои ошкор намудани фарқи байни онҳо зарур аст, ду ҷиҳати илмҳоро таъкид намоем: 1) ҷиҳати дескриптивӣ (тасвирӣ); 2) ҷиҳати прескриптивӣ.
Чизи идеалӣ худ ба худ ба воқеият таъсир расонида наметавонад, вайро инсон дар фаъолияти худ ҳамчун дастурамал истифода мебарад. Дар ин ҷо ифодаи «воситаҳои идеалии дигаргунсозии воқеият» маҳз дар ҳамин маъно кор фармуда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё