Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Азбаски намудҳои шакли чаҳорум хеле кам истифода мешаванд зикри онҳоро зарур намешуморем.
Ибни Сино намудҳои қиёсро зарб номидааст. Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи намудҳои қиёс, ки мо онҳоро овардем, дар осори Ибни Сино муфассал баён гардидаанд.
Барои тасдиқи ин фикр баъзе фикрҳои олими тоҷикро меоварем. Ибни Сино гуфтааст, ки қиёсҳои шакли якум чаҳор буванд: «Қиёси нахустин: аз ду куллии мўҷиб. Мисоли вай, агар гўи: «Ҳар ҷисме мусаввар (дорои шакл будан) аст» ва «Ҳар мусавваре мўҳдас аст». Аз ин ҷо натиҷа ояд, ки «Ҳар ҷисме мўҳдас аст». Ва ин натиҷаи куллии мўҷиб аст. Қиёси дуввум: аз ду куллӣ, валекин кубро солиб, чунон, ки гўӣ: «Ҳар ҷисме мусаввар аст» ва «Ҳеҷ мусаввар қадим набувад». Аз ин ҷо лозим ояд, ки «Ҳеҷ ҷисм қадим набувад» ва ин натиҷаи куллии солиб аст. Қиёси сеюм: аз суғрои мўҷиби ҷузвӣ ва куброи мўҷиби куллӣ, чунон, ки касе гўяд: «Бархе гавҳарҳо нафс аст» ва «Ҳар нафсе сурати илм пазирад». Пас, «Бархе гавҳарҳо сурати илм пазирад» ва ин натиҷаи ҷузвии мўҷиб аст.
Қиёси чаҳорум: аз суғрои мўҷиби ҷузвӣ ва куброи солиби куллӣ, чунон, ки касе гўяд: «Баъзе гавҳарҳо нафс аст» ва «Ҳеҷ нафс ҷисм нест».
1 Пас, «Бархе гавҳарҳо ҷисм нест».
Бояд таъкид кард, ки Ибни Сино дар қиёсҳои зикршуда муқаддимаи хурдиро (суғро) ба ҷои аввал ва муқаддимаи калонро (кубро) ба ҷои дуюм гузоштааст.
Ибни Сино намудҳои қиёси шакли дуюмро ин тавр баён кардааст:
Қиёсҳои натиҷадиҳандаи шакли дуюм чаҳор зарб бувад.
Зарби аввал иборат аст аз ду муқаддимаи куллӣ, ки қуброи он ҳукми инкорӣ мебошад.
Кулли S – М мебошад.
Ҳеҷ як Р – М нест.
Ҳеҷ як S – Р нест.

Зарби дуввум аз ду муқаддимаи куллӣ иборат аст, ки суғрои он ҳукми инкорӣ аст: Ҳеҷ як S – М нест.
Кулли Р – М аст.
Ҳеҷ як S – Р нест.

Дар зарби сеюм суғро ҳукми ҷузъии тасдиқӣ ва кубро ҳукми куллии инкорӣ мебошанд:
Баъзе S – М аст.

Абўали ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ.1.,саҳ. 41.

пешина
аз 262
навбатӣ