Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ҳангоми маънидоди номҳои ғайритасвирӣ ба номҳои тасвирӣ такя мекунанд. Ба ибораи дигар, ба номҳои ғайритасвирӣ номҳои тасвириро мувофиқ гузоштан зарур аст. Номҳои тасвирӣ, дар навбати худ, метавонанд дар таркибашон номҳои ғайритасвириро дошта бошанд. Дар ин ҳолат ҳам онҳо тавассути номҳои тасвирӣ маънидод мешавад. Лекин беохир давом додани ин амалиёт имконнопазир аст. Пас, маълум мешавад, ки баъзе номҳои ғайритасвирӣ қимат дошта бошанд ҳам, маъно надоранд. Номҳои мазкур ашёро ифода намуда, дар айни ҳол, дар бораи онҳо ягон маълумот намедиҳанд.
Истифодаи номҳо мувофиқи се принсипи зерин сурат мегирад: 1) принсипи ашёӣ; 2) принсипи дорои як қиммат будан; 3) принсипи ивази ҳамдигарӣ.
Мувофиқи принсипи ашёӣ дар гуфтор чизе доир ба қимати номҳо тасдиқ ё рад мешавад, ки ин номҳо ба гуфтори мазкур дохиланд. Вале худи номҳо тасдиқ ё рад намешаванд. Хотиррасон менамоем, ки қимати баъзе номҳо на ин ки ашё, балки ном аст. Чунин ҳолат ба талаботи принсипи ашёӣ ҳаргиз мухолиф нест. Масалан, дар гуфтори «Материя якумин буда, шуур дуюмин аст» калимаи «Материя»- ин номи воқеияти объективӣ буда, дар гуфтори «Материяи – категорияи фалсафиест» калимаи «материя», ки ба даруни нохунак гирифта шудааст, номи ном ё худ номи категория мебошад.
Аксар вақт дар чунин ҳолатҳо номҳоро ба даруни нохунак мегиранд. Ҳатто номи нахуст номи номҳо буда метавонад. Тарзи мазкури истифодаи номҳоро
– истифодаи автономӣ низ меноманд.
Мувофиқи принсипи дорои як қимат будан ифодаи чун ном истифодашаванда дар ҳолати номи фардӣ буданаш бояд танҳо номи як объект бошад. Ҳангоми номи умумӣ буданаш, ифодаи мазкур номи умумии ашёи гурўҳи муайян аст. Принсипи мазкур дар забонҳои табиӣ на ҳама вақт риоя мешавад. Лекин ҳангоми тартиб додани забонҳои сунъӣ риояи он ҳатмист.
Масалан, дар забони мантиқи предикатҳо (хабарҳо).
Принсипи ивази ҳамдигарӣ ба тариқи зер тасреҳ меёбад: агар қисми номи мураккаб ном бошад ва он бо номи дигари дорои ҳамон қимат иваз шавад, дар натиҷа қимати номи ҳосилшуда тағйир намепазирад. Барои мисол гуфтори зеринро аз назар мегузаронем: «Замин дар гирди Офтоб давр мезанад». Агар гуфтори мазкурро мисли Фреге ҳамчун номе, ки дорои қиматҳои «ҳақ» ё «дурўғ» мебошад, таъбир намуда, ба ҷои «Офтоб», «ҷисми марказии системаи Офтоб»-ро гузорем, дар натиҷа гуфтори «Замин дар гирди ҷисми марказии системаи Офтоб давр мезанад» ҳосил мешавад, ки ҳар ду дорои як қиматанд. Бешубҳа, ҳангоми ҳақ будани гуфтори якум, гуфтори дуюм низ ҳақ аст.

пешина
аз 262
навбатӣ