Мантиқ

Ба гурўҳӣ истилоҳоти дескриптивӣ инҳо дохил мешаванд: номи ашё (масалан «Моҳ», «инсон», «ҳуқуқшинос», «рўзноманигор»), предикторҳо (аломати нишонаҳо, масалан, «сафед будан», «ҷинояткор будан» ва ғайраҳо), аломатҳои функсионалӣ (масалан, +, «масса», дар ифодаи «модари Сўҳроб» калимаи «модар» ва монанди инҳо).
Адади истилоҳоти мантиқӣ бисёр аст. Дар забони тоҷикӣ истилоҳҳои асосии мантиқ, инҳоанд: «аст (мебошад)», «ва», «ё», «агар …он гоҳ», «нодуруст аст, ки …(не)», «ҳамаи», «баъзе».
Пеш аз ҳама гуфторҳо ва ҷузъи онҳо, ки дар таркиби гуфторҳо нақши мустақилро мебозанд бояд аз якдигар фарқ кунонида шавад. Гуфторҳои сода, вобаста аз он ки: ҳукмҳо, саволҳо ё нормаҳоро ифода мекунанд, се гурўҳро ташкил медиҳанд. Гуфторҳои мураккаб ҳар яке гуфторҳои соддаро фаро гирифта метавонанд.
Дар байни ифодаҳое, ки ба ҳайати гуфторҳои сода дохиланд ва дар таркиби онҳо нақши мустақилро мебозанд, одатан, истилоҳҳои дескриптивӣ ва мантиқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар мантиқ калимаҳои дорои маънои муайянро истилоҳ меноманд. Маънои калима бошад, мафҳумро ташкил медиҳад.
Ба таркиби истилоҳоти дескриптивӣ ифодаҳои зер дохиланд:
- номҳои фардӣ 2. номҳои куллӣ; 3. аломатҳое, ки хосият ва муносибатҳоро ифода менамоянд (предикаторҳо); 4. аломатҳое, ки нишонаҳоро ифода мекунанд; 5. аломатҳои функсионалӣ.
Номҳои фардӣ ва куллиро мо пештар шарҳ дода будем.
Ҳамаи он чизе, ки тавассути он ашёву зуҳурот аз якдигар фарқ мегардад, хосият номида мешавад. Масалан, агар мо одамонро муқоиса намоем, маълум мешавад, ки баъзеи онҳо қадбаланд, дигарашон қадпаст ва баъзеашон сиёҳчашм, дигарашон кабудчашм ҳастанд. Дар натиҷаи ба ашёи муайян нисбат додани ягон хосият гуфтори ҳақ ё дурўғ ҳосил мешавад.
Муносибатро бояд аз хосият фарқ кард, зеро барои ҳосил намудани гуфтори ҳақ ё дурўғ аломати ифодакунандаи муносибатро нисбат ба ду, се ва зиёд ашё татбиқ кардан зарур аст. Масалан, агар мо ибораҳои «аз… калонтар аст», «дўст медорад» ва «чизе дар байни чизҳои дигар ҷойгир шудааст»-ро нисбат ба объектҳои гуногун татбиқ намоем, гуфторҳои зеринро ҳосил кардан мумкин аст: - «Шаҳри Душанбе аз шаҳри Хуҷанд калонтар аст»; 2. «Рустам Таҳминаро дўст медорад»; 3.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё