Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Зеро моҳияти ашёву зуҳуротро маҳз тавассути тафаккури абстрактӣ ошкор намудан мумкин аст.
Тафаккури абстрактӣ, ҳамеша аз бедониши ба дониш, аз дониши сатҳии нопурра бо дониши амиқи пурра, ба дониши моҳият ва ҳамаҷониба ҳаракат мекунад, ки ин шарти зарурии фаъолияти инсон аст. Тафаккури таҷридӣ, (абстрактӣ) имконият медиҳад, ки мо аз донишҳои маълум ба донишҳои то ҳол номаълум гузарем.
Тафаккури таҷридӣ, (абстрактӣ) чун зинаи дуюми ҷараёни маърифат дорои хусусияте мебошад, ки тавассути онҳо вайро аз маърифати ҳиссӣ фарқ кардан мумкин мебошад.
Якум, тафаккури таҷридӣ, инъикоси бавоситаи олами моддӣ аст. Инсон бо ёрии тафакури абстрактӣ, яъне тавассути таҳқиқи мантиқии маълумоти ҳиссӣ, чизеро дониста мегирад, ки бевосита мушоҳида кардан мумкин нест, лекин, бо ашёи ҳисшаванда робитаи муайян доранд. Масалан, ҳангоми бевосита назар кардан ба таърихи ҷамъият он чун маҷмўи тасодуфҳо, бархўрди бенизоми ирода ва фаъолият намудор мешавад. К. Маркс дар натиҷаи таҳлили муфассали мантиқӣ, қонуни аз назар пинҳони инкишофи ҷамъиятро кашф кард, ки аз ирода ва шуури одамон вобастагӣ надорад.
Дуюм, тафаккури таҷридӣ, инъикоси таъмими (умумиятдодаи) олами моддӣ мебошанд. Дар зинаи дуюми маърифат, ба маълумоти ҳиссӣ такя намуда, хосиятҳои умумии ашёву падидаҳо ҷудо карда мешавад. Онҳо имконият медиҳанд, ки ашёи гурўҳи муайян ҷамъбаст гардад. Дар натиҷаи таъмими ашё аз рўи нишонаҳои муҳим мафҳумҳо ба вуҷуд меоянд ва ба тарзи махсус ашё ва зуҳуротро инъикос менамоянд. Мафҳумҳо, дар навбати худ, ҳамчун васоити методологии маърифат хизмат менамоянд.
Сеюм, хусусияти муҳимтарини тафаккур ин аст, ки бо забон, нутқи инсон робитаи узвӣ дорад. Нутқ, забон ва тафаккур дар ҷараёни фаъолияти амалии инсон баробари пайдоиш, ташаккул ва инкишофи ҷамъият ба миён омада, рушд ёфтаанд. Забон воситаест, ки тавассути он фикрҳо ташаккул меёбанд. Натиҷаи тафаккур бошад, дар забон ифода мешаванд. Бе забон тафаккур вуҷуд дошта наметавонад. Забон шакли зоҳири фикр аст. Забон воситаест, ки тавассути он инсон фикри худро ифода мекунад.
Ҷаҳорум, тафаккур фаъолияти фаъол ва мақсаднок аст. Дар раванди тафаккур бо мақсади муайян масъалаҳо пешниҳод мешаванд. Амалӣ гардидани мақсади муайян ва ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда амалиёти муайяни фикриро тақозо менамояд.
Хусусияти баёншудаи тафаккур боиси татбиқи усулҳои маърифат гардидаанд, ки тавассути онҳо олами моддӣ дар шаклҳои муайяни мантиқӣ инъикос мегарданд.

пешина
аз 262
навбатӣ