Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ғайр аз ин, китоб барои омўзгорон, ҳуқуқшиносон, аспирантон, унвонҷўён, файласуфон ва онҳе, ки илми мантиқро мустақилона омўхтанианд, дастури муфид шуда метавонад.
Муаллифон ба директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор А.А. Шамолов, барои саҳмгузорӣ дар нашри китоб, инчунин, ба ходими калони илмии ҳамин институт Абдуғаффор Шарифов, муаллими калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Шарифов ва сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД-и ҶТ, номзади илмҳои фалсафа Раҷаббой Ҷўраев, ки дар таҳриру таҳия ва ислоҳи китоб ширкат варзидаанд минатдорӣ менамоянд.
Муаллифон
БОБИ 1. МАВЗЎИ МАНТИҚ
Мафҳумҳои асосӣ: Тафаккур, шаклҳои тафаккур, шакли мантиқӣ, забон, ҳаққонва шаклан дуруст будани фикр.
Мантиқ калимаи арабӣ буда, маънояш «нутқ», «забон» аст.
Лекин истилоҳи «мантиқ» дар якчанд маъно кор фармуда мешавад.
Якум, тавассути ин истилоҳ, қонуниятҳои тағйирот ва инкишофи ашё ва зуҳуроти олами объективиро ифода менамоянд. Одатан, қонунияти тағйирот ва инкишофи ашё ва зуҳуроти олами объективиро мантиқи объективӣ меноманд.
Дуюм, истилоҳи «мантиқ»-ро нисбат ба қонуниятҳои махсуси робита ва инкишофи фикр низ истифода мебаранд. Одатан чунин қонуният мантиқи субъективӣ номида мешаванд. Қонунияти робитаву инкишофи фикр – инъикоси қонунҳои объективӣ мебошанд.
Илме, ки қонунҳои робита ва инкишофи фикрро меомўзад, мантиқ ном дорад. Китоби мазкур асоси чунин илмро хоҳад дарбар гирифт. Илми мантиқ тафаккури инсонро меомўзад, лекин вай на ҳамаи ҷиҳатҳои тафаккурро фаро мегирад. Тафаккурро ғайри мантиқ илмҳои дигар, ба монанди равоншиносӣ, физиологияи фаъолияти олии асаб, фалсафа ва информатика низ меомўзанд.
Пас, саволе пайдо мешавад, ки кадом ҷиҳати тафаккур мавзўи мантиқро ташкил медиҳад? Пеш аз, ҷавоб додан ба ин савол лозим меояд, ки баъзе хусусияти инъикоси оламро тавассути тафаккури абстрактӣ баён намоем.

§1. Хусусияти инъикоси олам
дар зинаи тафаккури абстрактӣ

Маълум аст, ки инъикос принсипи асосии ҷараёни маърифат мебошад.
Маърифат бошад шакли олии инъикоси воқеият аст. Натиҷаи ҷараёни маърифатро дониш ташкил медиҳад. Дар ҷараёни маърифат вобаста ба характери инъикос ду зинаи бо якдигар алоқамандро фарқ кардан лозим аст.
Зинаи аввалини маърифат- маърифати ҳиссӣ буда, зинаи дуюмро тафаккури абстрактӣ ё худ маърифати мантиқӣ ташкил медиҳад.
Маърифати ҳиссӣ – маърифати бевосита аст. Дар чунин зинаи маърифат дарки ҷиҳатҳои муҳим ва ботинии ашёву зуҳурот, ошкор намудани қонунҳои амал ва инкишофи онҳо имконнопазиранд.

пешина
аз 262
навбатӣ